Иқдоми наҷиби идонаи ҷавонон28-12-2017, 10:27
Хабарро хонданд: 405 нафар
Назарҳо: 0
Аёдати калонсолону беморон ва бепарасторону маъюбон дар арафаи ҳар як ҷашну идҳо яке аз аввалин амалҳои саховатмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ мебошад. Маҳз ин иқдоми наҷибу хирадмандонаи Пешвои миллат дар ноҳияи Деваштич низ чун анъана идома дорад. Бо ташаббуси роҳбари ТҶҶ «Созандагон Ватан» Сарвар Саидов, бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, корманди ёрии иҷтимоӣ Замира Ҳомидова ва аъзоёни фаъоли Созандагони Ватан хонандагони МТМУ№14 бахшида ба таҷлили ҳафтаи ҷамъбасти «Соли ҷавонон» ва арафаи Соли нави мелодӣ аёдати бепарастон ба роҳ монда шуд. Инчунин ба аёдатшавандагон Мавҷуда Юсупова сокини деҳаи Эшонқурғони Ҷамоати деҳоти Ғазантарак ва Назокат Қузиева сонкини Ҷамоати шаҳраки Ғончӣ аз ҷониби масъулин маводҳои хӯрока ва аз ҷониби хонандагон макони зисти онҳо тозаю озода карда шуд. Роҳбари ТҶҶ «Созандагон Ватан» Сарвар Саидов барои бартараф намудани мушкилиҳои ҳаррӯзаи онҳо дар ҳаёт пурсон шуд. Мавҷуда Юсупова ва Назокат Қузиева ба саховатмандиву дастгирии ҳамешагии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миннатдории худро баён карда, барои ба даргоҳи онҳо қадам ранҷа намудани масъулин ва хонандагони фаъол басо болидахотиру хушҳол гардиданд. Лоиқ Тӯйчиев ноҳияи Деваштич |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.