Иқдоми нек16-03-2017, 14:12
Хабарро хонданд: 203 нафар
Назарҳо: 0
Аёдати калонсолону беморон ва маъюбон дар арафаи ҳар як ҷашну идҳо яке аз анъанаҳои қадимаи миллии тоҷикон мебошад. Бахшида ба «Соли ҷавонон» ва Наврӯзи байналмилал бо сарварии Муовини Раиси ноҳия Бунафша Ғиёсиддинзода ва ҷонибдорони НТҶҶ «Созандагони Ватан» 10 нафар маъюбони Ҷамоати деҳоти Ваҳдат ба аёдат фаро гирифта шуда, туҳфаҳои идона тақдим гардиданд. Аҳлу оилаи онҳо ба саховатмандии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миннатдории худро баён карда, барои чун ҳамешагӣ ба даргоҳи онҳо қадам мондани намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ҷавонони маъюб болидагии худро изҳор намуданд. Лоиқ Тӯйчиев, мутахассиси бахши тблиғоту иттилооти КИ ҲХДТ дар н.Девашт |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.