Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Либоси миллӣ – таҷассумгари фарҳанги миллат

Либоси миллӣ – таҷассумгари фарҳанги миллат

13-12-2017, 09:46
Хабарро хонданд: 482 нафар
Назарҳо: 0
Либоси миллӣ – таҷассумгари фарҳанги миллат
Панҷ. Сару либос, ки асосан намуди зоҳирии шахсро нишон медиҳад ва тавассути он ботини инсон ҳам ҳувайдо мегардад, бояд таҷассумгари фарҳанги миллии ҳар як халқу кишвар бошад. Ҳар як миллат дар давраи ташаккули фарҳанги маданияташ вобаста ба расму оинҳо, шароити зиндагӣ ва мавқеи ҷуғрофиаш рӯзгори худро мутобиқ месозад. Маҳз бо ҳамин мақсад бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои охир дар баргузории чорабиниҳо оид ба тарғиби либоси миллӣ ҳамчун рукни фарҳангӣ таваҷуҳи зиёде дода шуда истодааст.
Айни ҳол дар маркази ноҳия се корхонаи дӯзандагӣ, ки дар он бештар аз 46 нафар чеварони ҷавон кору фаъолият мекунанд, дар ин самт саҳми хубе гузошта истодаанд.
Либоси миллӣ – таҷассумгари фарҳанги миллат
Ташкил ва гузаронидани фестивал-озмуни либосҳои миллӣ таҳти унвони «Либоси миллӣ- фарҳанги миллат» бо ибтикори бахши занони КИН, ТҶҶ «Созандагони Ватан» ва бахши занони мақомоти иҷроия дар маркази ноҳия гузаронида шуд. Мақсад аз гузаронидани ин чорабинӣ ҳамаҷониба таблиғ намудани либосҳои миллӣ, ҳунарҳои тарроҳон, истеҳсоли анвоҳои гуногун аз матоъҳои миллӣ аз қабили атласу адрасу шоҳӣ, густариши маҳорати чакандӯзӣ, гулбасту адрасбофӣ моҳияти басо судбахше дорад. Фестивал –озмун аз рӯи шартҳои асосӣ – шинамӣ, барои саломатӣ безарар ва ба талаботи замон ҷавобгӯ будани либос, таҷассуми нақшу нигори миллии муосир, ифодаи таҳаюллоти эҷодии тарроҳ ба инобат гирифта шуда буд, ҷамъбаст гардид.
Ҳамчунин, ин фестивал ҷиҳати дарёфти истеъдоду маҳоратҳои нав ахамияти хосаеро касб намуд.
Дар ҷамъбасти фестивал-озмун тарроҳони беҳтарини ноҳия бо тӯҳфаҳои хотирмон сарфароз гардонида шуданд.

Атавуллоева З.
Мудири бахши занони КИ ҲХДТ
дар нохияи Панҷ.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: