Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Ташкилоти ибтидоии “Байтор” таъсис ёфт.

Ташкилоти ибтидоии “Байтор” таъсис ёфт.

6-12-2017, 08:30
Хабарро хонданд: 270 нафар
Назарҳо: 0
Ташкилоти ибтидоии “Байтор” таъсис ёфт.
Имрӯз дар Раёсати Хадамоти назорати давлатии байтории Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе бо иштироки Қармишев Бобошо Давлатшоевич - Сардори Раёсати Хадамоти назорати давлатии байтори дар шаҳри Душанбе, Мирзоев Носирҷон - муовини Раис–роҳбари Дастгоҳ, Нарзиқулов Ҷӯмабой - мутахассиси шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе маҷлиси муассисон дар бораи таъсис додани ташкилоти ибтидоии ҲХДТ дар назди Раёсат баргузор гардид.
Маҷлисро Сардори Раёсати Хадамоти назорати давлатии байтории Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе – Қармишев Б.Д. ифтитоҳ намуда аз аҳли кормандон барои иродаи мустаҳками сиёсӣ ва қабул шуданашон ба сафи аъзоёни ҲХДТ изҳори сипос намуда иброз дошт, ки кормандони Раёсат ҳамаи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳнамои кори худ дониста минбаъд низ дар фаъолияти ҳамарӯза, дар чорабиниву корҳои таблиғотиву ташвиқотии ҳизбӣ нерӯву тавоноии худро дучанд намуда, ҳиссаи арзандаи худро баҳри шукуфониву тараққиёти Тоҷикистони азиз равона месозанд.
Сипас, Мирзоев Носирҷон - муовини Раис – роҳбари Дастгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ҳамагонро пеш аз ҳама ба сафи ҲХДТ шомил шудан табрику таҳният гуфта изҳор дошт, ки дар дарахт бо ном Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон як шоха зиёд шуд, ки басо рамзӣ буда ба 23-юмин солгарди таъсисёбии он рост омад ва мебояд, ки ҳамаи аъзоёни ҲХДТ дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори худ донанд.
Дар давоми маҷлис ба аҳли кормандони Раёсат дар ваъзияти тантанавӣ шаҳодатномаи ҲХДТ супорида шуда бо пешниҳод ва овоздиҳии якдилонаи аҳли кормандони Раёсат ташкилоти ибтидои ҳизбӣ номи “Байтор”-ро соҳиб шуд.
Ҳамчунин дар рафти маҷлиси муассисон аз тарафи аъзоёни ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Байтор” ба мақоми раиси ташкилоти ибтидои Қармишев Бобошо Давлатшоевич ва котиби ташкилоти ибтидои Ҳалимов Хуршед интихоб шуданнд.

Мутахассиси шуъбаи таблиғот ва иттилооти
КИ ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Нарзиқулов Ҷ.С.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: