
Дар маркази тиббии “Насл”, ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ таъсис дода шуд.
Шамсиддин Қурбонов – Директори Маркази тиббии “Насл” зимни суханронии худ изҳор дошт, ки бо сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи тандурустӣ аҳамияти аввалин дараҷа дода мешавад ва ҳамаи ин ғамхориҳову дастгириҳои пайдар пай аст, ки дар Тоҷикистон марказҳои тиббии гуногун соҳа кору фаъолияти хуб менамоянд.
Муовин Раис – Роҳбари Дастгоҳи КИ ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе – Мирзоев Носирҷон дар суханронии худ ба кормандон – мутахассисони ин марказ барои миннатдори ва дастгирии сиёсати Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва саҳми арзанда дар солимгардонии ҷомеа, рушди тибб дар кишвар арзи сипос намуда ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ворид шуданашон табрику муборакбод намуд.
Ёдовар бояд шуд, ки ба кормандони марказ дар ваъзияти тантанавӣ шаҳодатномаҳои ҳизбӣ дода шуд ва бо ҷонибдорони онҳо дар назди маркази тиббӣ ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Насл” таъсис дода шуд.
Мутахассиси шуъбаи таблиғот ва иттилооти
КИ ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Ҷ. Нарзиқулов