ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – АСОСГУЗОРИ СИЁСАТИ ДАВЛАТИИ ҶАВОНОН30-11-2017, 10:49
Хабарро хонданд: 470 нафар
Назарҳо: 0
Сиёсати давлат нисбат ба ҷавонон, ки одатан бо ибораи «сиёсати давлатии ҷавонон» ном гирифта мешавад аз системаи ғояву ақидаҳои давлат нисбат ба ҷавонон ва маҷмӯи мураттаби тадбирҳои амалии давлат, ки баҳри татбиқи он равона гардидааст, иборат аст. Сиёсати давлатии ҷавонон дар Тоҷикистон бо ному пайкори Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пайвани ногусастанӣ дорад. Зеро ин сиёсат аз ҷониби роҳбари давлат эълон ва роҳандозӣ гардидааст. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ ба ифтихори 20-солагии баргузории Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи ноябри соли 2012 ва дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санаи 26 апрели соли 2013 вобаста ба ҳадафҳо ва самтҳои асосии марҳалаи имрӯзаи рушди давлатдориамон ибрози ақида намуда, яке аз ҳадафҳои муҳимтарини сиёсати кунуниро “Сиёсати Руй овардан ба ҷавонон” номид. Тавре Президенти кишвар иброз доштанд: “Дар роҳи расидан ба ин ҳадаф мо бояд пеш аз ҳама, барои ҳарчи беҳтар гардидани шароити рушди маънавию ахлоқӣ, таҳсил ва кору фаъолияти ҷавонон заминаву имкониятҳои муносибро фароҳам оварем”. Мавриди зикр аст, ки ин маротибаи аввал набуд, ки роҳбари муаззами мамлакат ба ҷавонон ва масоили марбут ба онҳо дахл менамуд. Ҳанӯз аз солҳои аввалини роҳбарӣ сарвари мамлакат ба ин масъала тавачҷуҳи махсус зоҳир мекарданд. Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз дар давраҳои аввали роҳбариаш ба ҳайси Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи давлатро дар муносибат ба масоили ҳалталаби ҳаёти ҷавонон чунин муайян намуда буд:«Роҳбарияти давлате, ки қисмати аъзами аҳолиашро ҷавонон ташкил медиҳад, танҳо дар сурате соҳибнуфуз мешавад ва кораш пеш хоҳад рафт, ки агар ин нерӯи бузургу солим аз сиёсати он пуштибонӣ кунад». Дар мамлакати мо масъалаи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон дар қатори масъалаҳои стратегии давлатӣ ва амниятии миллии кишвар мақоми хоссаеро пайдо намудааст. Ин шаҳодати ғамхорӣ ва таваҷҷӯҳи махсус қарор додани соҳаи сиёсати давлатии ҷавонон аз ҷониби мақомоти роҳбарии мамлакат мебошад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷавононро дар ҷомеаи мо қувваи бузург ҳисобида, чунин қайд менамояд: «Ҷавонони мо қувваи худро фақат ба ободии Ватан ва баланд бардоштани обрӯи миллат сарф мекунанд. Ояндаи Тоҷикистон ва дар қатори давлатҳои пешқадам ҷой гирифтани давлати тоҷикон аз сатҳи маънавиёту фарҳанг, донишу маҳорат ва кӯшишу ғайрати ҷавонон вобаста аст». Ҷавонон аз ҷониби Роҳбари давлат ҳамчун идомадиҳандаи таъриху фарҳанги қадимаи миллат, сарчашмаи ташаббусҳои бузург, манбаи ғояҳои нав, парчамбардорони миллат, эҷодкорони тақдири имрӯзу оянда, таҳкимбахшандагони ваҳдати миллӣ, муҳофизони боэътимоди истиқлолияти Ватан, бунёдгузорони давлати мутамаддини дунявӣ ва демократӣ эътироф шуда, дар шароити имрӯзаи таҳаввулоту тағиротҳои босуръат, муколама ва бархурди маданияту фарҳанг ва дину оинҳо масъулияти бузургеро бар дӯш доранд. Дар бунёди ҷомеаи ҳуқуқбунёду демократӣ раванди демократикунонии ҷомеаро бе иштироки фаъолонаи ҷавонон тасаввур кардан ғайриимкон аст. Имрӯз маҳз ҳамин нерӯ қодир аст, ки норасоиҳои мавҷударо дар заминаи хиради волои гузаштагон бартараф созад ва ин масъулиятро таърих пеш аз ҳама ба зиммаи ин нерӯ гузоштааст. Тавре Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъқид менамояд: «Даврони истиқлол ба ҷавонони соҳибмаърифат, боистеъдоду лаёқатманд, дорои нангу номуси ватандорӣ ва худшиносии миллӣ ниёз дорад». Маҳз ҳамин гуна ҷавонон метавонанд бо ташабускориҳои худ дар пешрафти соҳаҳои ҳаётан муҳими мамлакат нақши созанда дошта бошанд. Имрӯз ҷавонони лаёқатманду таҳсилкарда дар сохторҳои давлатӣ имкони хуби пешрафт ва дастёбӣ ба маснадҳои роҳбариро дороянд. Феълан 35 % кормандони вазорату идораҳои кишварро ҷавонон ташкил медиҳанд. Заминаи ҳуқуқии фаъолияти давлати соҳибистиқлолу соҳибихтиёри Тоҷикистонро дар соҳаи татбиқи сиёсати он нисбат ба ҷавонон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» ташкил медиҳад. Ин ҳуҷҷат дар конунгузории миллии мо яке аз беҳтарин қонуни амалкунанда маҳсуб мегардад, ки доираи имконият ва фаъолияти он васеъ ва густурда аст.Қонуни мазкур, ки имконият ва имтиёзхои зиёдеро ба ҷавонон пешбинӣ намудааст, асосҳои ташкилӣ, ҳуқуқӣ, иҷтимоию иқтисодии тарбия, ташаккул ва камолоти ҷавононро муқаррар намуда, принсипҳо ва тадбирҳои татбиқи сиёсати давлатро дар соҳаи истифодаи пурсамари нерӯи зеҳнӣ ва маънавии онҳо, ки ба манфиати ҷамъият равона мешаванд, муайян мекунад. Ин санад низ чун сисилаи қонунҳое, ки аз манфиатҳои мардуми кишвар маншаъ мегиранду ҳадафу мӯҳтавояшон ба таъмини ҳаёти шоиста ва рӯзгори саодатмандонаи мардум нигаронида шудааст, бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва ба тасвиб расидааст. Равшан аст, ки иштироки омма, аз ҷумла ҷавонон дар идоракунии давлат яке аз шартҳои муҳими давлати демократист. Бодарки ин нуқта, сарвари кишвар аз рӯзҳои нахустини роҳбарияш дар мамлакат такя ба ин нерӯи созанда намуд. Маҳз бо ташаббуси Эмомалӣ Раҳмон 2 феврали соли 1993 вохӯрии роҳбарияти кишвар бо ҷавонон доир гашт. Санаи 4 сентябри соли 1993 Сардори давлат дар ифтитоҳи чорабиниҳои ташкил намудаи Шӯрои Марказии Иттифоқи Ҷавонони Тоҷикистон ба муносибати дуввумин солгарди Рӯзи Истиқлолият ширкат ва суханронӣ намуда, ба ҷавонон рӯ оварда гуфта буд: «Ҳукумати феълии Тоҷикистон ба ақлу заковати ҷавонон боварии калон дорад ва ман аминам, ки ҷавонон қувваи азими худро барои рушди ҷамеа равона менамоянд.» Вохӯриву мулоқотҳои Роҳбари давлат бо ҷавонон кайҳостба ҳукми анъана даромада, маҳз зимни ин сӯҳбатҳои рӯёрӯй бисёр камбудиву норасоиҳо ошкор ва мавриди муҳокима қарор мегиранд. Суханронии Эмомалӣ Раҳмон дар нахустанҷумани Иттифоқи Ҷавонони Тоҷикистон 17 марти соли 1994, ки таҳлили чуқури вазъи сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоии мамлакат ва пешомадҳои онро дарбар мегирифт, ба барномаи кору рӯзгори ҷавонони Тоҷикистон табдил ёфт. Маҳз дар ҳамин Анҷуман роҳбари давлат ҷавононро нерӯи пешбар ва созандаэълон дошта, дар назди онҳо вазифа гузошт, ки фаъолияти хешро ба пойдории сулҳу субот дар кишвар ва якдигарфаҳмию ваҳдат, ободу сарсабз намудани Тоҷикистони соҳибистиқлол равона созанд. Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон як моҳ қабл аз имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ, 23 майи соли 1997 бо намояндагони ҷавонони ҷумҳурӣ мулоқот ороста, зимни ин вохурӣ оид ба таъсис додани Кумитаи кор бо ҷавонони назди Хукумати Чумхурии Точикистон мужда расонид. Ин маънои дар ҳаёти ҷавонони кишвар боз гаштани саҳифаи наве буд. Баъдияк сол, 16 майи соли 1998 вохӯриинавбатии Президент бо ҷавонони лаёқатманд доир гардид. Ин мулоқот барои дастгирии ҷавонони лаёқатманд ва умуман барои татбиқи босамари сиёсати давлат дар байни ҷавонон заминаҳои мусоид фароҳам сохт. Дар ин вохӯрӣ муждаи Сарвари давлат дар бораи минбаъд 23 майро Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон эълон намудан ба насли навраси кишвар рӯҳу илҳоми тоза бахшид. Аз ин рӯ, аз соли 1998 инҷониб дар ҷумҳурӣ 23 май ба таври расмӣ чун Рузи ҷавонони Точикистон қайд мегардад, ки ин аз мавкеву мақоми хоса доштани ҷавонони кишвари соҳибистиклоламон гувоҳӣ медиҳад. Тӯли чанд соли охир дар саросари кишвар бо иқдом ва ибтикори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузории «Ҳафтаи ҷавонон» воқеаи муҳим мебошад. Асри XXI дар ҳаёти ҷавонони кишвар боз як саҳифаи наве ворид намуд, ки дар доираи «Ҳафтаи чавонон» ва Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон 21 майи соли 2005 ва 23 майи соли 2013 мулоқотҳои навбатии Президенти Чумхурии Точикистон Эмомалӣ Рахмон бо ҷавонони кишвар баргузор гардид. Мулоқоти пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ҷавонони кишвар собит месозад, ки сарвари давлат ба нерӯи созанда ва қувваи пешбарандаи ҷавонон боварии комил дорад ва ғамхори дар ҳаққи насли чавон як самти фаъолияташон аст. Зимни сафарҳои кории Сарвари мамлакат ба кишварҳои хориҷи дуру наздик ҳамин гуна мулоқотҳои судманду хотирмон бо ҷавонон-донишҷӯёни тоҷик, ки дар хориҷ таҳсил менамоянд, ба вуқуъ пайваста аст. Аз ҷумла, дар кишварҳои Амрико, Олмон, Туркия, Корея,Чин, Русия, Қазоқистон, Қирғизистон ва дигар мамлакатҳо, ки ин далел бозгӯйи таваҷҷӯҳи хоси Президенти кишвар ба ҷавонони тоҷик мебошад. Имрӯз бовариву эътимоди насли навраси кишвар ба ин фардиасилу оқилу доно, ғамхору дилсӯз, ҳомию роҳнамои ҷавонон боз ҳам афзун гашта аст. Зеро маҳз дар давраи роҳбарии ин шахси бузург муносибат ба тадбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ба таври мусбӣ тағйи рёфтва ба марҳилаи сифатан нав ворид гашт. Таи 10 соли охир бо ташаббуси бевоситаи Роҳбари мамлакат ва бо имзои ӯ садҳо санади меъёри-ҳуқуқӣ дар самти сиёсати ҷавонон, аз қабили фармонҳо, амрҳо, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расидаанд, ки дар доираи татбиқи амалии онҳо тадбирҳои муҳим андешида шудаанд. Дастгириву ҳавасмандгардонии ҷавонон тӯли солҳои истиқлолият як қатор имтиёзҳо, аз қабили бунёди теъдоди зиёди муассисаҳои таълимии зинаҳои гуногун, сохтмон ва ба истифода додани марказҳои фарҳангии ҷавонон, стипендияҳои президентӣ ва номӣ, Стипендияи байналмилалии президентӣ -“Дурахшандагон”, грантҳои Ҳукумати Тоҷикистон барои ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар соҳаи тарбияи ватанпарастии ҷавонон, ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимон ва муҳаққиқони ҷавон, дастгириҳои давлатӣ оид ба ҷудо кардани манзил ва қитъаи замин барои сохтмони манзил, ҷалби ҷавонони лаёқатманд ба идоракунии давлатӣ ва пешбарии онҳо ба мансабҳои роҳбарикунанда чун зуҳуроти ғамхории доимии Ҳукумати мамлакат мунтазам идома дорад. Ҳукумати мамлакат зери роҳбарии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон саҳм ва нақши ҷавононро дар рушди бахшҳои гуногуни ҳаёти кишвар ҳамеша қадрдонӣ менамояд. Ҳамин аст, ки дар давоми солҳои 1993 – 2015қариб 1200 нафар ҷавонон барои фаъолияти самаранок ва меҳнати софдилонаашон бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудаанд. Бо иқдоми Ҳукумати мамлакат ҷиҳати таъмини шароити муосир барои рушди тарбияи ҷисмонӣ тавассути маблағгузориҳои буҷети давлатӣ ва шахсони воқеиву ҳуқуқӣ бунёди марказҳои варзишиву маданӣ ҳамасола зиёд гардида истодааст. Аз соли 1997 барои духтарон, инчунин аз соли 2005 барои ҷавонписарони минтақаҳои дурдасти кӯҳистон квотаи Президентӣ муқаррар шудааст. Бо дарназардошти эҳтиёҷот миқдори квотаи президентӣ дар як сол аз 200 ба 1200 расонида шудааст. Тӯли солҳои 1997 – 2012 тибқи квотаи президентӣ қариб 10 ҳазор нафар, аз ҷумла 7200 нафар духтарон ба таҳсил фаро гирифта шуда,аз ин шумора 5530 нафар муассисаҳои таҳсилоти олии кишварро хатм намуда, ба ҷойҳои кории таъингардида фиристода шудаанд. Бо ибтикори бевоситаи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати пешбурди сиёсати давлатии ҷавонон ва фароҳам овардани шароити мусоид барои инкишофи соҳа як силсила ҳуҷҷатҳои дахлдор, аз ҷумла «Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020», «Консепсияи миллии сиёсати ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар барномаҳои соҳавӣ қабул гардидаанд, ки барои амалӣ намудани онҳо то имрӯз дар маҷмӯъ беш аз 1 миллиард сомонӣ равона карда шудаст. Масъалаи сиёсати давлатии ҷавонон, нақш ва иштироки бевоситаи онҳо дар ҳаёти ҷомеа яке аз масъалаҳои калидӣдар паёми ҳарсолаи Президенти кишвар ба Маҷлиси Олӣ буда, ба ин мавзӯъ ҳамчун яке аз масъалаҳои муҳими давлатдорӣ ва манбаи асосии ташаккули захираҳои инсонии кишвар таваҷҷӯҳи доимӣ зоҳир мегардад. Мутобиқи маълумотҳои оморӣ дар замони шӯравӣ дар Тоҷикистон ҳамагӣ 13 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ, аз ҷумла як донишгоҳ ва 12 донишкада фаъолият дошт, ки дар онҳо ҳамагӣ аз рӯи 82 ихтисос мутахассис тайёр карда мешуд. Ҳоло бошад дар мамлакат 38 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ - донишгоҳу донишкада, аз рӯи 533 ихтисос мутахассис омода месозанд. Шумораи умумии донишҷӯёни мактабҳои олӣбеш аз 160ҳазор нафар буда, ҳар сол муассисаҳои таҳсилоти олии кишварро беш аз 30 ҳазор нафар хатм мекунанд. Дар давраи соҳибистиқлолии кишвар танҳо бо роҳхати давлатӣ зиёда аз 10 ҳазор нафар ҷавонон ба муассисаҳои таҳсилоти олии хориҷи кишвар фиристода шудаанд, ки қариб нисфи онҳо мактаби олиро хатм намуда, пайи фаъолиятҳои созанда мебошанд.Дар баробари ин, тибқи роҳхати вазорату идораҳо ва ташкилоту корхонаҳои мамлакат тайи солҳои охир 4000 нафар ҷавонон барои таҳсил ва азнавтайёркунӣ ба давлатҳои хориҷӣ фиристода шудаанд. Ҳамчунин зиёда аз 500 нафар ҷавонони кишвар тибқи Стипендияи байналмилалии Президенти Тоҷикистон - «Дурахшандагон» барои таҳсил ба хориҷи кишвар фиристода шудаанд. Сиёсати “дарҳои боз”, ки роҳбари хирадманди Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон онро эълон дошт, имконияти густурдаеро баҳри таҳсили ҷавонон дар хориҷи кишвар, бахусус кишварҳои пешрафтаи аврупоӣ ва Осиёи шарқӣ ба миён овард. Нахустин маротиба дар таърихи ҷумхурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон масъалаи маблағгузории сиёсати давлатии ҷавонон дар маҳалҳо ҳаллу фасл гардид. Баҳри бехтар намудани шароити иҷтимоӣ ва зисту зиндагонии ҷавонон, паст намудани сатҳи бекорӣ, садди роҳи падидаҳои номатлуб миёни ҷавонон ва вайроншавии оилаҳои ҷавон, баробару ҳамнаво гардонидани авзои демографӣ ва умуман хал намудани як қатор масъалаҳои дигари муҳими рӯз марҳила ба марҳила татбиқ гардонидани Барномаҳои давлатии марбут ба масоили ҷавонон, ки аз буҷаи кишвар маблағгузорӣ мешаванд, заминаи мусоидеро барои татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон фароҳам овардаанд. Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба маълумотнокии ҷавонон эътибори махсус зоҳир намуда, масъалаи мактабу маориф ҳамеша мавриди таваҷҷӯҳи хоси ӯ қарор дорад. Президент тамоми тадбирҳоро андешида истодааст, ки ҷавонони кишвар соҳибмаълумот гарданд. Зеро ҳуқуқ ба таҳсил аз нуқтаҳои асосии озодии инсон ба шумор меравад. Тавре Сарвари давлат таъкид менамояд, бояд ҷавонон барои баланд бардории савияи саводнокии худ аз тамоми зинаҳои маълумот истифода бурда тавонанд. Бахусус дастрасии ҷавононро ба технологияхои нави иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ таъмин намудаанд, ки маҳз ин соҳаҳо имрӯз дар инкишофи ҷамеа асосӣ ба ҳисоб мераванд. Тарбияи ватандӯстӣ рукни асосии сиёсати давлатии ҷавонон маҳсуб мегардад. Баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстии ҷавонон, равнақи худшиносиву худогоҳӣ ва ифтихори миллии онҳо дар шароити соҳибистиқлолии мамлакат яке аз омилҳои таҳкиму тақвият бахшидани истиқлолият ва муҳимтарин фишанги ҳаракатдиҳандаи пешрафти ҷомеа мебошад. Вобаста ба ин, Президенти кишвар таъкид намудаанд: “Ифтихормандона дӯст доштани Ватан, барои ҳимояи он омода будан, ба қадри осудагиву ваҳдат ва истиқлолият расидан, аз ҷумлаи арзишҳое мебошанд, ки туфайли тарбияи ҷавонон дар заминаи онҳо мо давлати воқеан муқтадиру тавоноро бунёд карда метавонем.” Дар роҳи ноил гардидан ба ин ҳадафҳои воло Эмомалӣ Раҳмон борҳо дастур додаанд, ки аз арзишҳои пурқимати маънавӣ дар тарбия ва ташакулёбии ҷавонон истифодаи пурсамар бояд намуд. Миллати тоҷик дар раванди ташаккули хеш ҳамчун миллат арзишҳои маънавиеро офаридааст, ки аз баракати онҳо имрӯз соҳиби давлат ва истиқлолият мебошад. Тоҷик маҳз туфайли арзишҳои маънавии хеш, ки дар радифи арзишҳои умумибашарӣ мақоми хоса доранд, ба зинаи имрӯзаи пешрафту камолот расида, дар арсаи байналмиллалӣ мақоми шоистаро дорост. Тавре Ҷаноби Олӣ қайд намудаанд: “Маҳз туфайли тарбияи ҷавонон дар заминаи арзишҳои маънавӣ ва адабиёти ғановатманд мо давлати воқеан муқтадиру тавоноро бунёд карда метавонем”.Ҳадаф аз бузургдошти шахсиятҳои алоҳида, олиму мутаффакирон ва адибону нухбагони миллат, ки ҳамасола бо ибтикор ва иқдоми бевоситаи Президенти мамлакат таҷлил намудаву намунаи осорашон нашр карда мешавад, аз ҳамин иборат аст, ки осрори ҳар кадоме аз эшонро ба таври бояду шояд донем ва аз ҳама муҳим дар шароити имрӯзаи ҷаҳонишавӣ баҳри нигаҳдошти ҳуввияти миллӣ истифода барем. Зеро ҷомеаҳои аз лиҳози иқтисоду технологӣ пешрафта имрӯз гирифтори бӯҳронҳои маънавию рӯҳӣ гардида, роҳи раҳоӣ аз онро меҷӯянд. Маҳз арзишҳои бебаҳои маънавиамон василаи муҳимтарине баҳри ҳимояи миллат дар таҳоҷуми фарҳангҳои бегона хоҳад буд. Эмомалӣ Раҳмон дар шароити ҳассоси таърихӣ, роҳбарии Тоҷикистонро ба зимма гирифт. Дар марҳалае, ки Ватанро роҳбар ва пешвои сиёсие лозим буд, ки дер нашуда пеши роҳи ҷанги пурфоҷиа ва даҳшатвори шаҳрвандиро бигирад, мамлакат ва миллатро аз нобудӣ раҳоӣ бахшад. Ба хушбахтии халқ ва саодати ватан таърих шахсияти Эмомалӣ Раҳмон - роҳбареро ба саҳнаи сиёсат овард, ки воқеан дилу нияти нек доштааст, дар замираш ҷасорат, садоқат ва муҳаббат ба халқу ватан будааст. Аз рӯзҳои нахустини роҳбарӣ Эмомалӣ Раҳмон тамоми кӯшишу заҳмати хешро баҳри поён бахшидани ҷанги шаҳрвандӣ, таҳкими сулҳ ва ваҳдати халқи тоҷик равона сохт ва дар ин ҷода баъди чанд соли аз худ гузаштанҳову ҷонбозиҳояш муваффақ низ шуд. Бузургтарин дастоварди даврони истиқлолият ба даст овардани ваҳдати миллӣ ва суботу амният дар ҷомеа аст, ки ҳамаи комёбиву муваффақиятҳои баъдӣ самараи он мебошанд. Имрӯз дар тамоми ҷанба ва дар ҳама самту соҳаҳо ба дастовардҳои бузургу беназире ноил гардидаем, ки ҳамаи онҳо натиҷаи қабл аз ҳама ташаббусҳои роҳбари давлат ҷиҳати рушди иқтисодиёту иҷтимоиёт, баланд гардидани сатҳи зиндагии сокинони мамлакат ва муаррифии мамлакат ба ҷаҳониён аст. Ҳамин аст, ки имруз ҷомеаи байналмиллалӣ Тоҷикистонро як кишвари ислоҳотгар ва давлати дар ҳоли рушду тавсеа эътироф намудаанд. Эмомалӣ Раҳмон дар кӯтоҳтарин муддати таърихӣ тавонист як ҷумҳурии ҷангзадаи бемарому бенизомро ба амнтарин давлати минтақа табдил диҳад ва дарвозаҳои кишварро барои ҳамкориҳои густурда бо мамлакатҳои тараққикардаи ҷаҳон боз намояд. Дар китобе хонда будам: “Барои шӯҳрати ҷаҳонӣ ва бақои маънавӣ пайдо кардани миллат зодан ва тарбия намудани шахсиятҳои бузург нокифоя аст, балки аз ӯҳдаи нигаҳдошт ва бузургдошти онҳо баромада тавонистан низ мебояд.” Пас бар дӯши мо шаҳрвандони ватандусти ин сарзамин, ки ӯро Тоҷикистон ном аст, масъулият ва рисолоти бузурге меистад: Эҳтиром ва бузургдошти роҳбари муаззам, Пешвои воқеии миллат – Эмомалӣ Раҳмон. Абдураҳмон ХОНОВ, Роҳбари Дастгоҳи Кумитаи иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Бознашр аз китоби "Ҷавонон пайрави Эмомалӣ Раҳмон |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.