Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Ҳамкории судманд дар самти омода намудани кадрҳои баландихтисос

Ҳамкории судманд дар самти омода намудани кадрҳои баландихтисос

29-11-2017, 11:14
Хабарро хонданд: 325 нафар
Назарҳо: 0
Ҳамкории судманд дар самти омода намудани кадрҳои баландихтисос
25 ноябр дар Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати 50-солагии Бунёди Ҳаннс Зайдел чорабинии ҷашнӣ гузаронида шуд. Дар он ректори Донишкада Абдухолиқзода Лутфия Абдухолиқ, мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳакимзода Шарифҷон Саид, директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумъа Давлатов, мушовири Раёсати кишварҳои Аврупо ва Амрикои Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Мирзоев, сафири Ҷумҳурии Федеролии Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Найтхарт Хёффер-Виссинг, роҳбари Барномаи Бунёди Ҳаннс Зайдел дар Осиёи Марказӣ Макс Георг Майер ва дигарон иштирок ва суханронӣ карданд.
Гуфта шуд, ки мақсади фаъолияти Бунёд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баланд бардоштани сатҳи тахассуси касбии хизматчиёни давлатӣ буда, вазифаҳои асосии он дастгирии институтсионалии муассисаҳо-шарикон (машварат оид ба такмилдиҳии нақшаҳои таълимӣ, чопи маводи таълимӣ, такмили ихтисоси омӯзгорон), дастгирии барномаҳои магистрӣ дар самти идоракунии давлатӣ, такмили ихтисоси хатмкардагон ва дастгирии ташаббуси онҳо оид ба беҳтарсозии кор дар мақомот, забономӯзӣ ва сайқал додани малакаҳои роҳбарӣ ва ташкилотчигӣ дар ниҳоди хизматчиёни давлатӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифату ҷаҳонбинии магистрантон ва интихоби ташкили такмили ихтисос ва ғанӣ гардонидани дониши хатмкунандагони пешраву фаъол дар Ҷумҳурии Федеролии Олмон мебошад.
Бунёд соли 2009 бо Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Мюнхени Олмон Созишнома оид ба ҳамкориҳоро ба имзо расонид ва бо дастгирии молиявии он аз ҳамон сол инҷониб магистратураи Донишкада фаъолияташро дар омода намудани мутахассисони соҳибкасби соҳаи идоракунии давлатӣ равона кардааст. Дар ин муддат магистратураро 417 нафар хизматчиёни давлатӣ хатм намудаанд, ки аз ин шумора 184 нафар аз мақомоти марказӣ ва 233 нафар аз мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ мебошанд. Аз шумораи умумии хатмкардагон 140 нафарашонро занон ташкил дода, зиёда аз 40% онҳо ба болоравии мансабӣ ноил гардидаанд.
Шурӯъ аз оғози фаъолияти худ-11 апрели соли 1967 Бунёди Ҳанс Зайдел шиори «Дар хизмати демократия, сулҳ ва рушд»-ро сармашқи кори худ қарор додааст. Ҳамин тариқ, фаъолияти маърифатӣ-сиёсии Бунёди Ҳанс Зайдел барои омода намудани шахсияте равона шудааст, ки ба ӯ рушди озодии фардӣ ва масъулияти фардиву ҷамъиятӣ хос аст.
Дар фарҷоми чорабинӣ аз ҷониби магистрантони Донишкада барномаи фарҳангӣ пешниҳод гардида, ғолибони озмуни «Беҳтарин логотип», «Беҳтарин шиори Фонд» ва «Беҳтарин мақола» муайян ва бо туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.
Бунёди Ҳаннс Зайдели Ҷумҳурии Федеролии Олмон соли 1967 ташкил ёфта, бо исми сарвазири музофоти Баварияи Олмон Ҳаннс Зайдел (1901-1961) номгузорӣ шудааст. Имрӯз Бунёд дар 60 давлати дунё фаъолият дорад ва мақсади он мусоидат намудан ба таъсиси шароити ҳаёти арзанда ва пешрафту шукуфоӣ ба воситаи устуворсозии сулҳ, демократия ва иқтисоди бозаргонии ба иҷтимоиёт равонагашта мебошад. Соли 2002 намояндагии худро дар Осиёи Марказӣ дар шаҳри Бишкек, пойтахти Ҷумҳурии Қирғизистон расман кушодааст. Дар Тоҷикистон намояндагии Бунёди Ҳаннс Зайдел аз 12 сентябри соли 2011 дар Вазорати адляиумҳурии Тоҷикистон ба қайди давлатӣ гирифта шуд. Азам Дӯстов
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: