Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Таҷлили Рӯзи милитсия дар ноҳияи Деваштич

Таҷлили Рӯзи милитсия дар ноҳияи Деваштич

8-11-2017, 09:54
Хабарро хонданд: 217 нафар
Назарҳо: 0
Таҷлили Рӯзи милитсия дар ноҳияи Деваштич
Дар ноҳияи Деваштич дар партави таассуротҳо аз чорабиниҳои дар пешистодаи бузурги давлативу миллӣ бахшида ба 100 солагии таъсисёбии милитсияи тоҷик чорабинии рангини тантанавӣ баргузор гардид. Маросими расмӣ сараввал дар маҷлисгоҳи шӯъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Деваштич бо иштироки раиси ноҳия Рустам Ҷӯразода, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, кулли ҳайати шахсӣ ва собиқадорони соҳа баргузор гардид. Дар сароѓоз бо дақиқаи хомӯшӣ хотири фарзандони шуҷоъи шаҳид пос дошта шуд. Сипас аз ҷониби кормандони фаъоли милитсия ва собиқадорони соҳа бобати 100 солагии таъсисёбии милитсияи тоҷик, таърих ва дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ маърӯзаю баромадҳои ҷолибу пурмуҳтаво карда шуданд. Дар хотимаи қисмати расмӣ ба кормандони фаъоли соҳа ифтихорномаю сипосномаҳо, рутбаҳои навбатӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардида, собиқадорони соҳа низ мавриди қадршиносӣ қарор дода шуданд.
Таҷлили Рӯзи милитсия дар ноҳияи Деваштич
Қисмати навбатии чорабинӣ дар қасри фарҳанг идомаи худро ёфта, аз ҷониби раиси ноҳия хизматҳои беназиру шуҷоатмандонаи фарзандони қаҳрамон мавриди ёдрасӣ гардид ва қайд шуд, ки маҳз садоқату фидокориҳои кормандони бовафои милитсия буд, ки имрӯз дар фазои сулҳу оромӣ мардум ҳаёти осудаҳолона доранд ва сиёсати бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди дар амал татбиқгардист. Чунин хизматҳои шоёну шоистаи кормандони милитсияро ба назар гирифта, имрӯз нисбати онҳо шароитҳои мусоиду мувофиқи иҷтимоиву иқтисодӣ аз ҷониби роҳбарияти кишвар фароҳам оварда шуда истодааст, то ин ки фидокориҳои шабонарӯзии онҳо қадр карда шаваду чун ҳамешагӣ барои Ватану халқи худ содиқона хизмат кунанд.
Дар фароварди чорабинии тантанавӣ аз ҷониби аҳли фарҳанги ноҳия барои болидахотирии иштирокчиён барномаи рангини фарҳангию фароғатӣ намоиш дода шуд.
Таҷлили Рӯзи милитсия дар ноҳияи Деваштич

Сарвар Саидов – роҳбари НТҶҶ «Созандагони Ватан» дар ноҳияи Деваштич





Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: