Таҷлили Рӯзи милитсияи тоҷик дар шаҳри Хуҷанд11-11-2016, 13:51
Хабарро хонданд: 173 нафар
Назарҳо: 0
Бахшида ба Рӯзи таъсисёбии милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавии роҳбарият ва ҳайати шахсии шӯъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид. Дар он Раиси шаҳри Хуҷанд Шарифзода Шариф Файз ширкат намуда, тамоми кормандони мақомоти милитсияро бо ин рӯз самимона табрик намуд. «Дар назди милитсия вазифаҳои муҳиму масъулиятноки тақвияти низоми ҳуқуқӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, таъмини осоишу амнияти онҳо, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва дар ин раванд вусъати беш аз пеши мубориза алайҳи ҷинояткорӣ, аз ҷумла зуҳуроти барои ҳаёти ҷомеа таҳдидовар ва хатарнок ба мисли нашъамандӣ, пешгирии фаъолияти ташкилотҳои экстремистии динӣ меистанд. Ин нуқтаҳо дар баромадҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нишондодҳои Раиси вилоят муҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ алоҳида таъкиди худро ёфтаанд.»- зикр намуд Раиси шаҳри Хуҷанд дар суханронии худ. Ба қарори Раиси шаҳри Хуҷанд ба 10 нафар кормандони милитсия барои хизмати софдилона ва фаъолияти намунавӣ Сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд қадрдонӣ гардиданд, ки дар лаҳзаи тантанавӣ аз ҷониби Раиси шаҳри Хуҷанд Шарифзода Шариф Файз ва сардори шӯъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Ҷалилзода Эмин Карим супорида шуд. Дар барномаи фарҳангӣ бошад, ҳунармандони шинохтаи шаҳру вилоят барномаи консертӣ намоиш доданд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.