
Панҷ. Дар доираи соли ҷавонон бо ибтикори намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар литсейи касбӣ-техникии ноҳияи Панҷ ҷамъомади фарҳангӣ бо иштироки донишҷӯёни литсейи касбӣ-техникии ноҳия, омӯзишгоҳи омӯзгорӣ ва тиббӣ баргузор гардид.
Ин ҷамъомад ба мавзӯи сару либоси миллӣ ва гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаркатҳои иртиҷоӣ бахшида шуда буд.
Гаравидани ҷавонон ба ҳизбу харакатҳои иртиҷоӣ, яке аз мушкилоти муҳими ҷаҳони муосир гаштааст. Ҷавонони ноогоҳ фирефтаи сафсатаҳои бемаънӣ ва бардуруғи сомонаҳои интернетӣ гашта, ба гурӯҳҳои ифтиротӣ пайваст мегарданд, ки ин рафтори онҳо боиси нигаронии ҷомеа мешавад. Дар ин мавзӯъ аз ҷониби ҷавонон саҳначаҳои тарбиявӣ пешкаши ҳозирин гардонида шуд.
Чорабинӣ бо баромади роҳбари ТҶҶ «Созандагони Ватан» Холов Диловар ҷамъбаст гардид.