Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj

Тараннуми ҷавонӣ

31-10-2017, 11:40
Хабарро хонданд: 522 нафар
Назарҳо: 0
Тараннуми ҷавонӣ
Дар Муассисаи давлатии «Коллеҷи санъати шаҳри Душанбе ба номи Аҳмад Бобоқулов» даври интихобии Фестивали ҷумҳуриявии мусиқии касбии наврасону ҷавонон таҳти унвони «Тараннуми ҷавонӣ ва саодат» бахшида ба эълон гардидани соли 2017 ҳамчун «Соли ҷавонон» ва 25-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Иттифоқи композиторони Тоҷикистон ва ТҶҶ «Созандагони ватан» дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.
Дар ин чорабинии фарҳангӣ Илҳомҷон Ҳамидов- мудири шуъбаи кор бо ҷавонони ҲХДТ, Дилбар Абдураҳимова- муовини раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Хуршед Низомов - раиси Итифоқи композиторони Тоҷикистон, раисони кумитаҳои иҷроияи ҳизбии ноҳияҳои Сино ва И. Сомонӣ, инчунин намояндагони ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар шаҳри Душанбе иштирок доштанд.
Ҳадафи баргузории Фестивал мукаммал намудани захираи кадрӣ баҳри рушди ояндаи санъати касбии Тоҷикистон, ташаккул додани раванди вусъати неруи эҷодӣ ва такмили қобилияти наврасону ҷавонон, ҳамзамон оммавӣ гардидани жанрҳои гуногуни мусиқии касбӣ аз ҷониби коршиносони соҳа арзёбӣ гардид.
Дилбар Абдураҳимова- муовини раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе зимни суханронии хеш қаблан изҳори минатдории худро ба масъулини фестивал расонида, сипас, қайд намуд, ки баргузор намудани чунин чорабиниҳо метавонад дар ташаккул додани раванди неруи эҷодӣ, дарёфти чеҳраҳои нави сарояндагӣ ва дурнамои санъати касбии миллӣ нақши муассир дорад.
Дар Фестивал хонандагон ва донишҷӯёни мактаб-интернатҳои миёнаи махсуси санъат, мактабҳои бачагонаи мусиқӣ ва санъат, коллеҷҳои санъат ва фарҳанги ҳудуди ноҳияҳои шаҳри Душанбе иштирок дош­танд.
Иштирокчиёни Фестивал бо Диплом, Сипоснома, шоҳҷоиза ва мукофотҳои пулӣ аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе сарфароз гардонида шуданд. Ҳамин тариқ, ба ҷои якум дар сози рубоб Меҳрафрӯз Мирзоева-хонандаи мактаби мусиқии бачагонаи №3 ба номи А. Ленский, дар сози ксилофон Фаррух Мамадқулов-хонандаи мактаби мусиқии бачагонаи №6 ба номи Ш. Соҳибов ва дар сози фортепиано донишҷӯӣ Коллеҷи санъати ба номи А.Бобоқулов Ҷаннат Ҳусейнзода сазовор дониста шуд.
Ҷои дуюм Ансамбли доиранавозони мактаби мусиқии бачагонаи №2 ба номи М.Аминзода, дар сози фортепиано хонандаи мактаби мусиқии бачагонаи №6 ба номи Ш.Соҳибов-Халилов Табриз ва дар иҷрои суруд Рухшона Умарова ва ҳунармандони Ансамбли давлатии бачагонаи «Зебо» лоиқ дониста шуд.
Ба ҷои сеюм дар сози дигар хонандагони мактаби мусиқии бачагонаи №5 ба номи А.Шукӯҳӣ- Давлатзода Ворис ва Суннатулло Нуриддинов, ансамбли скрипканавозони мактаб- интернати миёнаи махсуси мусиқии ҷумҳуриявии ба номи З.Шаҳидӣ ва донишҷӯи Коллеҷи санъати ба номи А. Бобоқулов- Амриддин Мирзоев лоиқ дониста шуданд.
Соҳиби Шоҳҷоизаи фестивал дорандаи медали тилло ва ғолиби Бозиҳои XIV байналмилалии Делфии ҷавонони кишварҳои узви ИДМ, хонандаи мактаб-интернати миёнаи махсуси санъати ҷумҳуриявии ба номи М.Атоев Идибек Тошев гардид.
Бояд тазаккур дод, ки даври аввали Фестивал дар вилоятҳои Хатлон ва Суғд ҷамъбаст гардида, даври дигари он 28 октябр дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ВМКБ баргузор мегардад.
Мавриди зикр аст, ки 4-уми ноябр ғолибон дар даври ҷамъбастии Фестивал, ки дар шаҳри Душанбе доир мегардад, натиҷагирӣ карда хоҳад шуд.

Ҳангома ДАВЛАТОВА
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: