ОБУ ҲАВО: имрӯз дар Душанбе ҳарорат ба 30 дараҷа мерасад31-10-2017, 10:39
Хабарро хонданд: 293 нафар
Назарҳо: 0
ДУШАНБЕ, 31.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 31 октябр дар қаламрави ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва ноустувор дар назар дошта шудааст. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар доданд. Тибқи маълумоти обуҳавошиносони кишвар, дар вилояти Хатлон ҳавои абрноки бебориш пешбинӣ шуда, шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония вазида, ҳарорат дар водиҳо рӯзона ба 27-32 дараҷа мерасад. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешбинӣ мегардад. Ҳарорат дар ғарби вилоят рӯзона 15-20 дараҷа гарм ва дар шарқи он 5-10 дараҷа сард мешавад. Обуҳавошиносон дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи абрнок пешгӯӣ менамоянд. Вазиши шамол аз самти шарқ ба 3-8 ва дар баъзе ноҳияҳо ба 13-18 метр дар як сония мерасад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 9-14 ва рӯзона 21-26 дараҷаро ташкил медиҳад. Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрнок гашта, шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳарорат дар водиҳо шабона ба 4-9 ва рӯзона ба 18-23 дараҷа мерасад. Обуҳавошиносон дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ менамоянд. Шамол аз самти шарқ 5 метр дар як сония вазида, ҳаво шабона 7-9 ва рӯзона 28-30 дараҷа гарм мешавад. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.