Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Агентии обуҳавошиносӣ: пагоҳ дар қаламрави ҷумҳурӣ вазиши сахти бод ва пастшавии ҳарорат дар назар аст

Агентии обуҳавошиносӣ: пагоҳ дар қаламрави ҷумҳурӣ вазиши сахти бод ва пастшавии ҳарорат дар назар аст

17-10-2017, 09:30
Хабарро хонданд: 133 нафар
Назарҳо: 0
Агентии обуҳавошиносӣ: пагоҳ дар қаламрави ҷумҳурӣ вазиши сахти бод ва пастшавии ҳарорат дар назар аст

ДУШАНБЕ, 17.10.2017. /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ дар ҷумҳурӣ тағйирёбии якбораи обу ҳаво дар назар дошта шудааст. Дар баъзе аз ноҳияҳои вилояти Суғд вазиши сахти бод аз тарафи шимолу ғарб то 17-22 метр дар як сония пешбинӣ шуда, дар бархе ҷойҳои вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ шамол то 15-20 метр дар як сония мевазад. Ҳамзамон ба амал омадани чангу ғубор пешгӯӣ мешавад. Дар водиҳо ҳарорати рӯзона паст гардида, ба 8-13 дараҷа мерасад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар доданд.

Имрӯз, 17 октябр обуҳавошиносони кишвар дар вилояти Хатлон ҳавои камабри бебориш ва ба амал омадани чангу ғуборро пешгӯӣ менамоянд. Дар водиҳо ҳарорат баланд гардида, рӯзона ба 27-32 дараҷа мерасад. Дар ин минтақа шамол аз самти шарқ дар як сония 3-8 метр мевазад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи ноустувор пешбинӣ мегардад. Дар ғарби вилоят ҳарорат рӯзона 18-23 ва дар шарқи ҳамин вилоят 6-11 дараҷаро ташкил хоҳад дод.

Обуҳавошиносон дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи абриро пешгӯӣ менамоянд. Дар ноҳияҳои вилоят вазиши сахти шамол ба амал омада, суръати он дар баъзе ноҳияҳо ба 20-25 метр дар як сония мерасад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 7-12 ва рӯзона 24-29 дараҷаро ташкил медиҳад.

Дар ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрӣ гашта, ҳарорат дар водиҳо шабона ба 5-10 ва рӯзона ба 26-31 дараҷа мерасад.

Обуҳавошиносон дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ менамоянд. Шамол аз самти ғарб 2-7 метр дар як сония вазида, ҳарорати ҳаво шабона 6-8 ва рӯзона 29-31 дараҷа гарм мешавад.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: