Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Конститутсия – роҳнамои имрӯзу фардои давлату миллат

Конститутсия – роҳнамои имрӯзу фардои давлату миллат

23-10-2017, 10:57
Хабарро хонданд: 247 нафар
Назарҳо: 0
Конститутсия – роҳнамои имрӯзу фардои давлату миллат
19 октябри соли 2017 мувофиқи нақшаи якҷояи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнат, шӯъбаи маорифи шаҳр ва ташкилоти ҷамъиятии «Сипари сулҳ» бахшида ба 23 – солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилоти ибтидоии «Низомии Ганҷавӣ» бо хонандагони синфҳои болоии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7-и шаҳри Хуҷанд вохӯрӣ гузаронида шуд.
Дар аввал муовини раиси шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнат Буҳоваддин Исмоилов суханронӣ намуда, зикр дошт, ки имсол ба қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 сол пур мешавад. Конститутсияи Ҷумхурии Тоҷикистон қонуни олии мамлакат буда, нисбат ба дигар қонунҳо бартарии пурраи худро дорад.
Бартарии Конститутсия маънои онро дорад, ки агар ягон қонун ба Конститутсия дар хилоф бошад, он арзиши қонунӣ надорад.
Конститутсияи амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаҳои ҳокимияти давлатӣ аз ҷумла қонунбарор, иҷроия ва судиро муайян менамояд. Конститутсия асосҳои сохти конститутсионӣ, ҳуқуқ, озодӣ, вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд, вазифаҳои Маҷлиси Олӣ, Президент, Ҳукумат, Ҳокимияти маҳаллӣ, вилояти Мухтори кӯҳистони Бадахшон, Суд, Прокуратура ва тартиби тағйиру иловаҳо ворид намудан ба Конститутсияро ба таври мушаххас нишон медиҳад.
Дастоварди бузург дар даврони истиқлолият ин дар сатҳи Конститутсия эътироф гардидани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад.
Дар охир баҳри болидахотирии иштирокчиёни чорабинӣ аз ҷониби хонандагон суруду таронаҳои дилангез сароида шуд.

Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: