Конститутсия-бахтомаи мост!7-11-2017, 10:15
Хабарро хонданд: 209 нафар
Назарҳо: 0
Конститутсия пояи асосии мамлакати соҳибистиқлоли мо буда, санаи қабули он ҳамчун яке аз санаҳои таърихӣ дар саҳифаҳои китоби давлатдории Тоҷикистон ба шумор меравад. Конститутсияи кишвари мо аз ҷониби як гурӯҳ коршиносон яке аз панҷ Конститутсияҳои беҳтарин дар ҷаҳони муосир эътироф карда шудааст. Бо мақсади таҷлили рӯзи ин санади муқаддас, яъне Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қасри фарҳанги ноҳияи Деваштич бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил гардид. Дар чорабинӣ ҳамаи сохторҳои мақомоти маҳалливу ҳифзи ҳуқуқ, барқароркунандагони сохти конститутсионӣ, собиқадорони ҷангу меҳнат, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо иштирок намуданд. Раиси ноҳия мӯҳтарам Ҷӯразода Рустам Боймурод чорабини мазкурро ифтитоҳ намуда дар суханронии хеш қайд кард, ки боиси ифтихор аст, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол Конститутсияи навро қабул ва худро қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ эълон намуд. Дунявӣ будан, барои таҳкими робитаҳо бо ҷомеаи ҷаҳонӣ ва рушди минбаъдаи ҷанбаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар роҳи васеъ кушод. Аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва аз номи худ ба муносибати Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамагонро табрику муборакбод намуда сиҳатмандӣ ва тамоми хушиҳои зиндагиро таманно намуд. Маврид ба ёдоварист, ифтихормандиву сарфарозии ҳар як фарди ватандӯсту худшиноси миллат дар замони соҳибистиқлолӣ қабули ин санади тақдирсоз буда, Конститутсия-нишонаи нахустин ва муҳимтарини Истиқлолият ба шумор рафта, шиносномаи давлату миллат мебошад. Инчунин бахшида ба истиқболи 23-юмин солгарди Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи фарҳангии бо таровати савту суруд ва назму наво, ки аз ҷониби аҳли санъати ноҳия омода шуда манзури ҳамагон рд. Лоиқ Тӯйчиев |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.