Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Чорабинӣ бахшида ба рӯзи Конститутсия

Чорабинӣ бахшида ба рӯзи Конститутсия

4-11-2016, 15:25
Хабарро хонданд: 272 нафар
Назарҳо: 0
Чорабинӣ бахшида ба рӯзи Конститутсия

Тибқи нақшаи чорабиниҳои ташкилоти ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар кумитаи маҳаллаи «Содирхон Ҳофиз» -и шаҳри Хуҷанд бахшида ба 22 солагии рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 5 солагии таъсисёбии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» дар толори мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №15-и шаҳр чорабинии ҷашнӣ баргузор гардид, ки дар он раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломов ширкат варзида, ҳамаи бошандагони кумитаи маҳаллаи «Содирхон Ҳофиз», омӯзгорону хонандагони мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №15-ро ба муносибати фарорасии рӯзи қабули Конститутсия табрику муборакбод намуда дар вазъияти тантанавӣ якчанд нафарро бо Сипоснома ва тӯҳфаҳои кумиҷроия қадршиносӣ кард.
Чорабинӣ бахшида ба рӯзи Конститутсия

Инчунин, ба 10 нафар шахсони арзанда, ки қаблан барои дохил шудан ба узвияти ҲХДТ ариза пешниҳод намуда буданд, шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд.

Дар чорабинӣ ҳофизи мумтоз Махками Баҳриддин ва муҳасилини мактаби таҳсилоти миёнаи умуми №15 хотири иштирокчиёнро бо суруду таронаҳои дилнишин шод гардониданд.






Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: