Санаи 18 октябри соли 2017 бо ташабуси бахши намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» бо ҷалби хонандагони муасссисаҳои таҳсилоти миёнам умуии шаҳри Норак конференсияи илмӣ оид ба « Соли Ҷавонон» ва «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» дар муассисаи тахсилоти миёнаи умуми №4-и ташкилоти ибтидоии «Маорифчиён» доир гардид.
Дар кори конфронс мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҳизб, роҳбари бахши ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар шаҳр иштирок намуда оид ба масъалаҳои дар боло зикр гардида суханронӣ намуданд.
Дар фарҷом барои иштирокчиёни конференсия хонандагони мактаб саҳначаҳо нишон доданд.