Конститутсия ҳимоятгари манфиатҳои мо2-11-2017, 08:56
Хабарро хонданд: 196 нафар
Назарҳо: 0
Тибқи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак ба муносибати 23-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии шаҳр гузаронидани хонишҳои оммавӣ таҳти унвони «Конститутсия ҳимоятгари манфиатҳои мо» сурат гирифтаиистодааст. Аз ҷумла чунин ҳамоиш санаи 1 ноябри соли 2017 дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Фарҳанг» дар клуби маҳаллаи Энергетик таҳти роҳбарии аъзои ҳизб Одинаев Шарифбек бо иштироки аъзоёни Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ, намояндагони дигар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ доир гардид. Аъзоёни бахши ҶҶ “Созандагони Ватан” хонандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии №№ 4, 7, 9,10 аз бобоҳои Конститутсия ва дар васфи Ватан-Модар, Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол шеърҳо қироат намуданд. Дар чорабинии мазкур аъзои комиҷроия, мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонон Ғуриева Муслима аҳли нишастро бо санаи муҳими таърихӣ-Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, оид ба аҳамияти таърихии қабули Конститутсия, нақши он дар таъмини амалишавии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва ҳифзи онҳо ибрози назар кард. Чорабиниҳо оид ба ин санаи муҳими таърихӣ дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ идома дорад. Мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Ғафурзода Ф дар шаҳри Норак |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.