Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Доинишҷӯи ДПДТТ барандаи шоҳҷоизаи “Дастони тиллоӣ”

Доинишҷӯи ДПДТТ барандаи шоҳҷоизаи “Дастони тиллоӣ”

19-10-2017, 09:34
Хабарро хонданд: 249 нафар
Назарҳо: 0
Доинишҷӯи ДПДТТ барандаи шоҳҷоизаи “Дастони тиллоӣ”
Ҷиҳати арҷгузорӣ ба анъана ва арзишҳои миллӣ, истеъдоди фавқулодда, тарғибу эҳёи сару либоси миллии занона бо ташаббуси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва телевизиони “Диёр” давраи ниҳоии озмуни телевизионии «Дастони тиллоӣ» баргузор гардид.
Дар озмун тарроҳони машҳури вилояти Суғд ширкат варзиданд. То даври ниҳоӣ озмун 11 зиннаро дар бар гирифта, 15 тарроҳ ҳунару малака ва завқи зебоипарастии худро нишон доданд. Ба даври ниҳоӣ танҳо 4 нафар роҳхат гирифтаанд.
Боиси хурсандист, ки донишҷӯи курси 2- и Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистоне дар шаҳри Хуҷанд Бобоҷонова Нигора ҳамаи давраҳои озмунро бомаҳорат гузашта, дар ҷамъбаст соҳиби шоҳҷоиза гардид. Роҳбарияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва телевизиони “Диёр” ба Бобоҷонова Нигора як мошинаи дарздӯзии муосир тақдим намуданд.
Бояд қайд кард, ки дар омоданамоӣ ва пешкаши маҳсули кори Бобоҷонова Нигора саҳми кафедраи дизайн ва меъмории донишкада хеле калон аст. Дар озмун ҳамчунин силсилаи либосҳои тарроҳони ҷавони кафедра Ганҷина Шӯҳратзода, Бобоева Зебо ва Тошхӯҷаева Ануша низ намоиш дода шуд.
Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд барои масъулияти баланд, амалӣ гардонидани сиёсати созандаю бунёдкоронаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, таҳкими ваҳдат ва суботи сиёсӣ, саҳми арзанда дар баланд бардоштани эътибору нуфузи ҳизб бар байни омма, иштироки фаъолона дар тарғибу ташвиқи ғояҳои ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ, рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ роҳбарияти донишкадаро бо сипоснома сарфароз гардонид.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: