Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Забони матбуот проблемаи мубрами имрӯз гардидааст

Забони матбуот проблемаи мубрами имрӯз гардидааст

14-10-2017, 08:47
Хабарро хонданд: 271 нафар
Назарҳо: 0
Бо мақсади бартараф намудани ғалатҳои забони васоити ахбори омма, ки имрӯзҳо яке аз проблемаи асосии ба ҳисоб меравад, дар доираи ҳафтаи таҷлили иди забони миллӣ конфуронсу семинарҳо дар ҳар ниҳодҳои дахлдор мавриди таҷлил қарор дорад.
Бо ин иқдоми наҷиб, дар кафедраи услубшиносӣ ва таҳррири адабии факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, семинар дар мавзӯи «Проблемаҳои мубрами забони матбуот» таҳти роҳбарии забоншинос профессор Баҳриддин Камолиддинов доир гардид.
Нахуст декани факултет Исматов Саъдӣ суханронӣ намуда меҳмонон, ҳозирон ва иштирокчиёнро ба иди забони миллӣ таҳният хонда ҳузури эшонро хайрамақдам гуфт. Баъдан порофессор Камолиддинов риштаи суханро ба даст гирифта доир ба масъалаҳои мубрами забони матбуот ва хусусан васоити ахбори омма сухан ронда изҳори нигарони намуд, ки имрӯз васоити ахбори омма ба проблемаи асосӣ рӯ ба рӯ аст, ин ҳолат метавонад ба забони ноби тоҷикӣ таъсири манфӣ расонад. Чунки васоити ахбори омма, таблиғкунанда ва ифшогарӣ забони ноби миллӣ аст, бевосита оммаи мардум забонро аз ин самт меомӯзад ва ба дурустии ибораву калимаҳо боварӣ ҳосил карда забони тозаи худро мавриди омӯзиш қарор медиҳад. Пас агар забони матбуот, радио ва телевизиони мо дорои пур аз силсилаи ибораву калимаҳои ғалат бошад, оммаи мардумро чигуна аз истифода кардани калимаҳои нодурусте, ки дар байни онҳо ҷой дорад, ҷилавгирӣ кунем, дар сурате, ки таблиғкунанадаи ин ҳолат худи мо бошем. Аз соҳибони забон хусусан аз журналистон масъулияти баланд талаб карда мешавад, то ки нисбати забони худ бетараф набошанд, ҳуввияте, ки садсолаҳо бузургони ин забон онро ҳифз карда омаданд барбод надиҳед, кушиш кунед, ки ҳар як калимаву ибораеро, ки мавриди истифода қарор медиҳед, санҷида ба дарки фаҳмиши оммаи мардум баркашида матлаби худро омода бисозед. «Эй соҳибони забон, забонро аз ғализиҳо пок намоед нагузоред, ки дар ширинии он ноҷурие ҷой бигирад» гуфта, забоншинос Камолиддинов таъкид намуд.
Дигар устодон низ суханронӣ намуда, доир ба ин масъала назару андешаиҳои худро иброз доштанд. Яке аз публисистони забардаст устоди факултет, мудири кафедраи телевизион ва радиошунавонӣ Гулов Сангин дар масъалаи забони васоити ахбори омма проблемаи якумдараҷа будани он суханронӣ намуда қайд кард, ки агар нависанда бесавод бошаду хато кунад, навишта ё асари онро касе ва ё қисми ками мардум хонда ба ӯ ба андозаи фаҳмиши худ эрод мегиранд, вале агар забони васоити ахбори омма, хусусан, журналистон ва соҳибзабонон ба хатоӣ роҳ диҳанд дониста бошанд, ки ҳазорҳо ва ё шояд миллионҳо нафар ӯро бихонанду бишунаванд, пас таъсири ин омил то чӣ ҳад хоҳад буд.
Ҳамин тавр, доираи ин ҷамъомад бо пешниҳод ва барасии масъалаҳои мубрами забони матбуот ва васоити ахбори омма ҷабҳаи илмиро касб карда ба ҳозирон ва иштирокчиён таъсири мусбат расонд ва дар густариши фаъолиятҳои минбаъда омиле басо муҳим гардид.
Фирдавси Абдураҳмон
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: