Гузориш10-10-2017, 08:29
Хабарро хонданд: 201 нафар
Назарҳо: 0
Имрӯзҳо дар сар то сари кишвар вобаста ба таҷлили иди забони миллӣ конфронсу семинарҳои судманд доир гардида истодааст. Ҳар як сохтору ниҳод бо тарзу раванди ба худ хос ин ҷашнвораи муҳими миллатро мавриди таҷлил қарор медиҳанд. Бо ин мақсади наҷиб баҳри пос доштани бузургии забон ва арҷ гузоштан ба ҳувияти он, дар кафедраи услубшиносӣ ва таҳррири адабии факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, рӯзи 6-уми моҳи равон соати 14:00, дар доираи маҳфили «Меҳри Сухан» семинари илмӣ бо иштироки шоири шинохта Рустами Ваҳҳоб баргузор гардид. Садрнишинони маҳфил, забоншинос профессор Камолиддинов Баҳриддин, декани факултет Исматов Саъдӣ, мудири кафедра Мирзоева Моҳира ва дигар мудирону устодони забардаст иштирок доштанд, ки нахуст декани факултет Исматов Саъди суханрони намуда меҳмонон, устодон ва ҳозиронро хушомедед гуфта ин ҷашни фархударо баҳри ҳамагон таҳният хонд. Баъдан қайд намуд, ки пайгирї намудани ҷашнвораҳои миллӣ ва бо тантана истиқбол намудани онҳо на аз маҷбурї, балки аз ҳисси баланди ватандӯстӣ меҳанпарастӣ ва арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ аст. Мо то ҷон дар рамақ дорем, баҳри муаррифї намудани забони худ, миллати худ ва Тоҷикистони худ, талош мекунем ва ҳатто як нафас худро аз ёди Ӯ ғофил нахоҳем сохт. Моро мебояд ин забонро аз пешвои миллати худ омӯхт. Ба он марди наҷиб бингаред, ки чигуна гуфтори ширину беолоише дорад ва хосса сирф ба забони адабӣ сухан меронад, пас мебояд моро пайрави пешвои муаззами худ бошем. Баъдан шоир Рустами Ваҳҳоб риштаи суханро ба даст гирифта доир ба забон ва асолати он суханронї намуд. Бо ҷиддият иброз дошт, ки забон дақиқтар аз илмҳои риёзист. Чаро ки, илми риёзї самти муайянеро фаро гирифтааст, аммо забон тамоми башарият қавм, халқият ва миллатро фаро гирифта, ҳувияти миллӣ, тамаддун ва эъҷозгари фарҳанги асили миллати куҳанбунёдро ифода мекунад. Сари кор гирифтан ба он кори осоне нест. Дар идомаи суханронӣ аз китоби тозанашри худ бо номи «Дуруст бинависем», ки ду маротиба рўйи чоп омадааст, мисолҳо оварда шакли дурусти баъзе калимаҳоро таъкид намуд. Бо мисраи гаронмояи бемисли Мавлоно Балхӣ «Ин сухан поён надорад боз гард» суханронии худро анҷом бахшид. Дар рафти баргузории маҳфил донишҷӯёни фаъол, маърузаҳо доир ба мавзуи забон ва порчаҳои шеърї дар ситоиши забон омоданамудаи худро пешкаши ҳозирон намуданд. Бояд қайд намуд, ки аз ҷониби устодон ва донишҷӯён суолҳои муҳим роҷеъ ба забон ва масъалаҳои марбут ба он ба меҳмонон ва забоншиносон дода шуд. Дар охир устоди гиромиқадр забоншинос Профессор Камолиддинов Баҳриддин бо суханони олии худ таъкид намуданд,ки «Аз соҳибони забон ва онҳое, ки ба забон сари кор доранд, хусусан, журналистон ва филологон даъват ба амал меорам, шумо, муаррификунандаи забони поку беолоиш ҳастед, ки мардум бевосита забонро аз шумо меомӯзанд, кушуш кунед ҳар калимаеро, ки мавриди истифода қарор медиҳед санҷида ба мизони бардошти оммаи мардум баркашед то, ки онҳо ӯро ба хубї ҳазм кунанд ва матлаби дар ҳадаф ќарордоштаро бе мушкилї бифаҳманд. Аслан мо барои кӣ менависем? Барои оммаи халқ, пас худ фикр кард!» Маҳфили илмии «Меҳри Сухан» бо як бардошти накуе ба шуури ҳозирон ҳусни анҷом пазируфт. Фирдавси Абдураҳмон |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.