Мулоқот бо Дабири кулли Иттиҳодияи давлатҳои арабӣ Аҳмад Абулғайт16-10-2017, 18:30
Хабарро хонданд: 316 нафар
Назарҳо: 0
16.10.2017 11:48, шаҳри Душанбе Имрӯз дар Кохи Сомон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи иҷлосияи дуюми Форуми иқтисодӣ ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон Дабири кулли Иттиҳодияи давлатҳои арабӣ Аҳмад Абулғайтро ба ҳузур пазируфтанд. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз раванди густариши муносибатҳои ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳодияи давлатҳои араб изҳори қаноатмандӣ карданд. Таъкид шуд, ки сафари нахустини Дабири кулли Иттиҳодияи давлатҳои араб ба Тоҷикистон сароғози сатҳи нави ҳамкории байни Тоҷикистон ва Иттиҳодияи давлатҳои араб мегардад. Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин масъалаи таҳкими муколамаи сиёсӣ ва тавсеаи равобит дар арсаҳои иқтисод, тиҷорат, сармоягузорӣ, фарҳанг, инчунин дигар самтҳои ҳамкории барои ҷонибҳо судманд мавриди баррасӣ қарор дода шуд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.