Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Мулоқот бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Мавритания Исилку валади Аҳмад Изидбеҳ

Мулоқот бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Мавритания Исилку валади Аҳмад Изидбеҳ

16-10-2017, 18:30
Хабарро хонданд: 313 нафар
Назарҳо: 0
Мулоқот бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Мавритания Исилку валади Аҳмад Изидбеҳ
16.10.2017 15:49, шаҳри Душанбе

Дар Кохи Сомон ҳамчунин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Мавритания Исилку валади Аҳмад Изидбеҳро, ки кишварашро дар иҷлосияи дуюми Форуми иқтисод ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон роҳбарӣ дошт, барои мулоқот ба ҳузур пазируфтанд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қитъаи Африкаро самти дорои дурнамои нек барои ҳамкории мутақобилан судманд дар соҳаҳои гуногун арзёбӣ карданд ва омодагии Тоҷикистонро барои рушду тавсеаи робитаҳои дуҷониба бо кишварҳои он, бахусус бо Ҷумҳурии Исломии Мавритания изҳор доштанд.

Ҷонибҳо зимни мулоқот масъалаҳои таҳкими муносибатҳои дипломатии байни кишварҳо ва тарҳрезӣ намудани рушди робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангиву гуманитариро баррасӣ карданд.

Зимни муҳокимаи ҳамкорӣ дар чаҳорчуби ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла дар доираи Созмони Милали Муттаҳид ва сохторҳои махсуси он ҷонибдории иқдомҳои ҳамдигар, ки барои таъмини рушди устувори минтақаҳо ва ҳалли масъалаҳои мубрами ҷаҳони имрӯза равона шудаанд, махсус таъкид карда шуд. Ҷумҳурии Исломии Мавритания дар қатори дигар кишварҳо ташаббуси ҷониби Тоҷикистонро дар хусуси қабули Қатъномаи Созмони Миллали Муттаҳид оид ба эълони Даҳсолаи нави байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” фаъолона пуштибонӣ намудааст.

Дар мулоқот ҳамчунин дигар мавзуъҳои муҳими барои рушду густариши муносибатҳои дуҷонибаи судманд мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: