Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Мулоқот бо Вазири давлатӣ оид ба корҳои хориҷии Судон Ҳомид Муҳаммад Аннур Мумтоз

Мулоқот бо Вазири давлатӣ оид ба корҳои хориҷии Судон Ҳомид Муҳаммад Аннур Мумтоз

16-10-2017, 19:00
Хабарро хонданд: 335 нафар
Назарҳо: 0
Мулоқот бо Вазири давлатӣ оид ба корҳои хориҷии Судон Ҳомид Муҳаммад Аннур Мумтоз
16.10.2017 16:03, шаҳри Душанбе


Имрӯз дар Кохи Сомон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи иҷлосияи дуюми Форуми иқтисод ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон Вазири давлатӣ оид ба корҳои хориҷии Судон Ҳомид Муҳаммад Аннур Мумтозро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар ҷараёни мулоқот, ки дар фазои дӯстию ҳамдигарфаҳмӣ сурат гирифт, масъалаҳои вобаста ба густариши минбаъдаи муносибатҳои мутақобилан судманди Тоҷикистону Судон мавриди баррасӣ қарор гирифт.

“Барпо намудани робитаҳои мустаҳками дуҷониба бо кишварҳои арабии қитъаи Африқо дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон ҷойгоҳи муҳим дорад” таъкид доштанд Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва афзуданд, ки мо омодаем ҳамкориро бо Ҷумҳурии Судон дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн ба сатҳи сифатан нав барорем.

Ҷонибҳо баҳри таҳкиму тавсеаи муносибатҳои ҳамкорӣ дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва тиҷоратию сармоягузорӣ омодагии худро иброз доштанд.

Дар мулоқот ҳамчунин масъалаҳои муборизаи муштарак бар зидди хатару таҳдидҳои ҷаҳони муосир, аз қабили терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дарёфти роҳҳои ҳалли мусолиҳатомези муноқишаҳои кишварҳои ҷангзадаи олам мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: