Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Барасии мусоҳиба

Барасии мусоҳиба

13-10-2017, 10:02
Хабарро хонданд: 179 нафар
Назарҳо: 0
Барасии мусоҳиба

Тибқи хабари телефонии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон аз 9.10.2017, №24 оид ба мусоҳибаи муовини якуми раиси ҲХДТ муҳтарам С. Фаттоҳзода ва Бахтиёр Ҳамдам зери сарлавҳаи «Чаро инқилоби маънавию фарҳангӣ?» ва мусоҳибаи Шариф Ҳамдампур зери сарлавҳаи «То табадулот се рӯз монда буд» дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ мавриди омӯзиш қарор дода шуд.
Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳр оид ба масъалаи зикргардида дар ташкилотҳои ибтидоӣ мулоқоту вохӯриҳоро ба нақша гирифта, хонишҳои сиёсро оид ба мавзӯъҳои дар боло зикргардида доир намудаистодааст. Аз ҷумла, санаи 12 октябри соли 2017 дар ташкилоти ибтидоии навтаъсиси «Сипарони Ватан» бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҳизби шаҳрӣ ва раиси ҷамъиятии хайриявии «Сипарони Ватан» дар вилояти Хатлон хониши сиёсӣ доир гардид . Аъзоёни ташкилоти мазкур фикру андешаҳои худро оид ба мақолаҳои мазкур пешниҳод намуда, қайд карданд, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” саривақтӣ буда, ба баланд шудани сатҳи зиндагӣ ва паст кардани сатҳи камбизоатии мардум мусоидат намуда, дар муқовимат бо зуҳуроти фарҳанги бегона, ҳифзи анъанаву расму оин ва арзишҳои миллӣ замина гузошта, халқро аз зери гарони сарфу хароҷотҳои миёншикан, марсосимҳои ғайридиниву мазҳабӣ, тақлиду бегонапарстӣ наҷот дода истодааст. Аз он ҷумла аъзоёни ҳизб мақолаи “То табадулот се рӯз монда буд” –ро ҷонибдорӣ намуда, ташкилоти терористӣ-экстремистӣ эълон доштани ҲНИТ-ро бар ҳақ мешуморанд.
Гузаронидани чунин хонишҳои сиёсӣ дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии шаҳр идома дорад.



Мудири шуъбаи кор бо занон ва
ҷавонони Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ М.Ғуриева
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: