Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Вохурии раиси Кумитаи Иҷрояи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

Вохурии раиси Кумитаи Иҷрояи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

16-03-2017, 14:09
Хабарро хонданд: 248 нафар
Назарҳо: 0
Вохурии раиси Кумитаи Иҷрояи ҲХДТ дар вилояти Хатлон


Чанд рӯз пештар аз ҷониби Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Панҷ бо иштироки фаъолони ҳизб, ҷавонон, занони пешқаддам, раисони ташкилоҳои ибтидоӣ ва аъзоёни ситодҳои доиамалкунандаи ҳизбии ҳудуди ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ҷамъомади калоне доир гардид.
Дар ҷамъомади мазкур мақолаи муовини якуми раиси ҲХДТ муҳтарам Фаттоҳзода Саидмурод Самад «Ҳазорсола раҳ аст аз ту то мусулмонӣ», ки дар ҳафтаномаи «Минбари халқ» рӯзи 8 феврали соли 2017 ба нашр расидааст баррасӣ гардида, мавриди омӯзиш қарор гирифт.
Ҳамчунин, дар ин ҷамъомад вазифаҳои хизбиён оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ ва суханрониашон дар маҷлиси васеи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ аз 5 январи соли 2017 бармеоянд, мушаххас гардонида шуданд.
Дар ин ҷаласа раиси ташкилоти ибтидоии ҳифзи иҷтимоӣ Ш. Машрабов, роҳбари гурӯҳи «Ҷавонони ташаббускор» Б. Файзизода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ Ё. Носиров бо маърӯзаю гузоришҳои пурмазмун баромад намуданд.
Вохурии раиси Кумитаи Иҷрояи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон А. Ализода дар ҷамъомад оид ба масъалаҳои дар боло зикргардида ва ҷоннок намудани фаъолияти ситодҳои доимамалкунандаи ҳизбӣ муфассал суханронӣ намуд. Таъкид гардид, ки масъалаҳои дар ин ҷаласа баррасишуда дар ҳамаи ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ муҳокима гардида, аъзоёни гурӯҳҳои таблиғотӣ, мобилӣ ва бахшҳои ҷамиятии «Фарҳанги сиёсӣ» бо шаҳрвандон дар ҳамин самт вохӯриву сӯҳбатҳо доир намоянд.
Дар охири чорабинии мазкур ба 10 нафар ҷавонони фаъол, аз тарафи раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон А.Ализода шаходатномахои ҳибӣ супорида шуд.


КИ ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: