Ҷамъбасти мусобиқаҳои варзишӣ28-10-2015, 09:12
Хабарро хонданд: 510 нафар
Назарҳо: 0
Шӯъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом бо якҷояги бо бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии МИҲД, мактаби варзишии бачагону наврасон, ташкилоти ҷамиятии «Пайванди шаҳрвандӣ» бо мақсади ҳавасманд кардани ҷавонон ба варзиш ва тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим ва дар доираи аксияи «Мо ҳомиёни ин Ватан» мусобиқаи варзиши аз рӯи шоҳмот, футбол ва волейбол байни ҷавонони синашон 18-25 сола дар ҳудуди шаҳр аз 1 октябр то 26 октябр гузаронида шуд. Санаи 26 октябр дар толори мактаби санъати шаҳр бо чорабинии фарҳанги мусобиқаҳо ҷамбаст гардиданд.
Дар он ҳамаи ғолибони мусобиқаҳо ҷамъ омаданд ва дар вазъияти тантанави аз тарафи ташкилкунандагон ба ғолибон сипоснома ва тӯҳфаҳои хотирави тақдим карда шуд. ©Кумитаи иҷроияи ХХДТ дар в.Суғд |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.