Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » ФУТБОЛ: имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо Непал қувва меозмояд

ФУТБОЛ: имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо Непал қувва меозмояд

10-10-2017, 13:38
Хабарро хонданд: 199 нафар
Назарҳо: 0
ФУТБОЛ: имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо Непал қувва меозмояд

ДУШАНБЕ, 10.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. Шоми имрӯз дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар доираи даври чоруми бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё- 2019 бо дастаи мунтахаби Непал вориди майдон мешавад. Ин вохӯрӣ соати 18:00 оғоз меёбад.

Дар нишасти матбуотии пеш аз бозӣ сармураббии дастаи мунтахаби мамлакат Ҳаким Фузайлов ва бозингари моҳир Дилшод Восиев ба саволҳои хабарнигорон ҷавоб гуфтанд. Аз ҷумла, сармураббии даста иттилоъ дод, ки бо ҷалби бозингарони ҷавон, чун Шериддин Бобоев аз дастаи “Барқчӣ” хати ҳамлаи дастаи мунтахаб тағйир меёбад ва минбаъд ин бозингар дар вохӯриҳо истифода хоҳад шуд.

tajikistan-press1Ӯ афзуд: «Барои дастаи мунтахаби Тоҷикистон ҳар як бозӣ муҳим аст ва мо дигар ҳуқуқи аз даст додани ягон имтиёзро надорем. Бозингарон омодаанд, ки дар ҳар вохӯрӣ танҳо барои ғалаба ба майдон бароянд».

Дилшод Восиев, ки миёни мухлисони дастаи мунтахаб ва “Истиқлол”- и Душанбе маҳбубияти зиёд пайдо карда, ҳангоми ба майдон омадан бо кафкӯбӣ истиқбол мешавад, ба мухлисон муроҷиат карда, гуфт: «Мо бо дастгирии мухлисон вазифаи ба бозиҳои финалии Ҷоми Осиё баромаданро ҳал хоҳем кард, аз ин рӯ кӯшиш мекунем, ки ба боварии онҳо сазовор бошем. Биёед ва бозиро тамошо кунед».



nepal-pressКодзи Гёдокуи японӣ, сармураббии дастаи мунтахаби Непал ҳам аз дастпаваронаш боварӣ дорад, ки дар бозӣ бо дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо се имтиёз ба кишвараш бармегарданд. «Мо дар бозии аввал дар майдонамон аз футболбозони тоҷик бо натиҷаи 1:2 мағлуб шудем ва ин навбат кӯшиш мекунем, ки қасди он бохтро бароварда, ба Непал бо ғалаба баргардем. Футболбозони мо танҳо ғалаба карданианд».

Дастаи мунтахаби Непал дар раддабандии FIFA бо 101 имтиёз дар зинаи 175-ум (дар Осиё-37) қарор дорад. Дар ин нишондод Тоҷикистон дар мақоми 140-ум (дар Осиё-25) мебошад.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: