Мулоқот бо муҳоҷирони меҳнатӣ27-10-2015, 11:00
Хабарро хонданд: 351 нафар
Назарҳо: 0
Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ бо нафароне, ки нав аз муҳоҷирати меҳнатӣ баргаштаанд, мулоқот анҷом доданд. Мақсади мулоқот пешбурди корҳои фаҳмондадиҳӣ, бо ҷои кори доимӣ таъмин намудани аҳолӣ, ки аз Барномаи ҲХДТ бармеояд, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, паст кардани сатҳи камбизоативу бекорӣ, пешгирӣ намудани сафари ҷавонони бе касбу кор ба муҳоҷирати меҳнатӣ, баргардонидани онҳо ба Ватан ва таъсиси хоҷагиҳои инфиродиву оилавӣ буд.
Иштирокдорон иқдомҳои шоистаи Президенти кишвар ва раиси вилоятро ҷонибдорӣ намуда, бо қаноатмандӣ изҳор доштанд, ки дар амалӣ гаштани ин ҳадафҳо саҳми арзанда мегузоранд. ©Кумитаи иҷроияи ХХДТ дар в.Суғд |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.