Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Мулоқот дар ташкилоти ибтидоӣ

Мулоқот дар ташкилоти ибтидоӣ

27-10-2015, 15:57
Хабарро хонданд: 415 нафар
Назарҳо: 0
Мулоқот дар ташкилоти ибтидоӣИмрӯз, дар ташкилоти ибтидоии АИО «Тоҷикистон» аз тарафи раиси кумиҷроияи ноҳиявӣ вохӯрӣ баргузор гардид. Дар вохӯрии мазкур раисони хоҷагиҳои деҳқонии ноҳия, фаъолони маҳаллаҳо, ҳамчунин кормандони МТМУ-ҳои ҷ\д Истиқлол, дар маҷмӯъ зиёда аз 50 нафар иштирок карданд. Зимни баромади худ Раиси кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ – Насруллоев О. оиди шомилшавии ҷавонон ба ҳаракатҳои ифротӣ, пешгирии чунин падидаҳои номатлуб сухан ронда, қайд кард, ки сафарбаркунии аҳли ҷомеа, бахусус ҷавон ба созандагиву бунёдкорӣ ва пешгирии ҳодисаҳои номатлуб яке аз самтҳои асосии ҳизб мебошад. Инчунин дар бораи тарбияи насли наврас, иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модарон дар тарбияи фарзанд» ибрози назар карда шуд.

Масъалаи дуюми маҷлис оиди обуна, ба нашрияҳои ҳизбии «Минбари халқ» ва «Сухани халқ» буд. Дар иҷрои нақшаи обуна хоҷагиҳои деҳқонӣ бемасъулиятӣ зоҳир карда истоаанд. Бинобар ин, ба онҳо супориш дода шуд, ки доир ба масъалаи мазкур тадбирҳо андешида шаванд.

Раиси кумиҷроия Насруллоев О. дар давоми сухани худ ба масъалаи ҷалби аъзоёни нав ба сафи ҳизб низ таваҷҷӯҳ зоҳир намуд. Зикр гардид, ки ба ҷалби аъзоёни барӯманду арзанда бояд ҳар як аъзои ҳизб бикӯшад то сафи мо аз ин ҳам зиёд гардад. Дар охири маҷлис ба ҳамаи иштирокчиён супоришҳои мушаххас дода шуд.
©Кумитаи иҷроияи ХХДТ дар в.Суғд
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: