Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Дар шаҳри Ваҳдат се ҳолати риоя накардани Қонуни танзим ба қайд гирифта шуд

Дар шаҳри Ваҳдат се ҳолати риоя накардани Қонуни танзим ба қайд гирифта шуд

29-09-2017, 08:46
Хабарро хонданд: 291 нафар
Назарҳо: 0
Дар шаҳри Ваҳдат се ҳолати риоя накардани Қонуни танзим ба қайд гирифта шуд

ВАҲДАТ, /АМИТ «Ховар»/. Масъулини бахши танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Ҷамоати деҳоти Абдулвосиеви шаҳри Ваҳдат дар якҷоягӣ бо комиссияҳои ҷамъиятӣ нисбат ба се нафар шаҳрвандони ин ҷамоат бо гуноҳи додани хӯроки иловагӣ, сарупомонон ва ҳоҷиталбон парвандаи маъмурӣ тартиб дода, ба Суди шаҳри Ваҳдат пешниҳод намуданд.

Муовини раиси ҷамоат Маҳмадӣ Сафаров мегӯяд, ки дар баробари корҳои фаҳмондадиҳии гурӯҳҳои корӣ дар ҳудуди ҷамоат, ин шаҳрвандон дидаю дониста ба қонуншиканӣ роҳ додаанд. Бинобар ин аз тарафи комиссияҳои дахлдор нисбат ба онҳо чораҳои зарурӣ дида шуданд.

Ба гуфтаи номбурда, пас аз қабули тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ҳудуди ҷамоат зиёда аз 40 адад маъракаҳои гуногун ба қайд гирифта шуданд. Ин маъракаҳо аз тарафи комиссияҳои назораткунанда ба таври ҷиддӣ санҷида шуданд ва танҳо 3 ҳолати қонуншиканӣ ошкор гардид.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: