Қонун танзими бошууронаи маъракаҳоро ба ҷуҷуд овард19-09-2017, 11:00
Хабарро хонданд: 189 нафар
Назарҳо: 0
ҶАЙҲУН: Бо мақсади амалӣ намудани дастури Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ҷиҳати бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолии ноҳияи Ҷайҳун вобаста ба тағйиру иловаҳое, ки ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шудааст, аз тарафи ситодҳои таблиғотии ҳизбӣ суҳбату вохӯриҳо ҷараён доранд.
Ҳангоми вохуриҳо сокинони ноҳия ба саволҳои гуногуни худ ҷавоб гирифта, ҳамзамон ҷонибдории худро аз қонунҳои мазкур баён намуданд, зеро Қонунҳои ба имзорасида ба танзими бошууронаи анъана ва ҷашну маросимҳо равона гардида, дар заминаи ин сатҳи зиндагии мардум баланд бардошта шуда, тартиботи ҷамъиятӣ таъмин мегардад. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.