ҶАЛБИ САРМОЯ БА СОҲАИ САЙЁҲӢ26-09-2017, 09:09
Хабарро хонданд: 366 нафар
Назарҳо: 0
Имрӯзҳо яке аз масъалаҳои муҳими ҷалби сармоя ба ин ё он соҳаи иқтисодиёти мамлакат, аз ҷумла соҳаи сайёҳӣ таҳия ва пешниҳоди лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва нақшаҳои тиҷоратии ҷавобгӯи талаботи меъёрҳои байналмилалӣ ба ҳисоб меравад. Вобаста ба ин, чанде қабл дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар оид ба таҳияи лоиҳаҳои сармогузорӣ ва нақшаҳои тиҷоратӣ дар соҳаи сайёҳӣ бо иштироки роҳбарони ширкатҳои сайёҳӣ, меҳмонхонаҳо, осоишгоҳҳо, табобатгоҳҳо ва истироҳатгоҳҳо баргузор гардид. Чорабиниро Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Нуъмон Абдуғаффорзода ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки имрӯз барои сохтмони инфрасохтори замонавии сайёҳӣ ва ҷалби бештари сайёҳон, таҳия ва пешниҳоди лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва нақшаҳои тиҷоратии ҷавобгӯи талаботи сармоягузорон, таҳияи стратегияи маркетинги имкониятҳои сайёҳӣ, бренди ширкатҳо ва мавзеъҳои сайёҳӣ, ташкили сомонаи интернетии ширкатҳои сайёҳӣ ва дигар омилҳои муосири тарғибу ташвиқи соҳаи сайёҳӣ зарур мебошад. Дар чорабинӣ роҳҳо ва шаклҳои таҳияи лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва нақшаҳои тиҷоратӣ муҳокима гардида, инчунин вобаста ба таҳияи банақшагирии стратегӣ, асосноккунии техникию иқтисодӣ, тадқиқоти маркетингӣ ва таҳияи бренд, идоракунии корхона ва раванди истеҳсолот, истифодаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, таҳияи сомонаи интернетӣ, ҷорӣ намудани меъёрҳои байналмилалии сифат, муҳосибот ва ҳисобдорӣ ба роҳбарони ширкатҳои сайёҳӣ ва дигар инфрасохтори соҳа машваратҳо дода шуд. Чунин чорабиниҳо имконият медиҳанд, ки ширкатҳои сайёҳӣ, меҳмонхонаҳо ва осоишгоҳу табобатгоҳҳо бо истифода аз хизматрасонии машваратии коршиносони дохиливу байналмилалӣ лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва нақшаҳои тиҷоратии ҷавобгӯи талаботи муосирро омода ва ба сармоягузорон пешниҳод намоянд. Дар ин замина, барои рушди инфрасохтори сайёҳӣ ва ҷалби сармоя дар ин самт, истифодаи самараноки имкониятҳои сайёҳии мамлакат ва баромадан ба бозорҳои ҷаҳонии сайёҳӣ имконият фароҳам оварда ешавад. Алӣ Ҷўраев |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.