Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Эъҷози табиат

Эъҷози табиат

21-09-2017, 12:30
Хабарро хонданд: 274 нафар
Назарҳо: 0
Эъҷози табиат
Заминҳои сабзу хуррам ва боғҳои саршор аз меваю ангур ва заминҳои кораму ободи пур аз маҳсулоти полезии ноҳияи ба номи Ҷ.Расулов пушти сар монданд. Мошини мо, монанди аспе, ки ҳоло хуб гарм шуда буд, пас аз давишу ҷаҳиш дар беш аз сесад километр роҳҳои каҷу килеб, бо гузар аз ду тунелу ағбаҳои баланди бо шебу фароз акнун ба ҷодаи росту ҳамвор расида, сабуктар нафас кашида ба роҳатӣ ба пеш метохт. Аз ду тараф биёбон, чӯлҳои дар дуродур ба талу теппаҳои кӯҳмонанд часпида, моро ба оғӯши худ гирифт. Дар ин заминҳо табиат танҳо қудрати рӯёндани шӯра ва хорҳои монанд ба янтоқро дошт, ки он ҳам дар ин миёнаҳои моҳи август саросар хушку зард шуда буданд. Аз табиати сабзу дилкушо, ки аз оғози сафар дар саҳар то ба нимарӯз моро дар иҳотаи худ медошт, дигар ному нишон ҳам намонд. Аз рӯи нақшаи роҳ қариб 70 километри дигар дар пеш буд. Мо ба маҳали яке аз муъҷизаҳои табиат – кӯли Оқсукон,ки дар ноҳияи Ашт воқеъ аст, равона будем. Овоза ва нақли мушоҳидон, ки дар ин маҳал табобат гирифтаанд, инчунин маълумоти хурдакаке аз саҳифаи интернет боиси азми сафар кардани мо ба ин макон шуд. Мо, чор нафар ҳамсафарон бори аввал ба ин маҳал мерафтем, вале ҳар кадоме дарди камару пой, китфу буғумҳо бо худ доштем, бемориҳое, ки ба гуфтаи дигар корафтодаҳо, давояш дар лою намакоби ин кӯл буд.
Оқсукон моро ба сӯи худ мекашад
Гармои ҳаво дар нимарӯз шояд аз 40 дараҷа боло буд. Аз тирезаҳои нимвози мошин боди гармсер мевазид. Дар чанд дақиқаи ҳаракат дар роҳи Хуҷанд – Ашт танҳо мо будем, ки мерафтем. Аз муқобил ҳам мошине намеомад. Заминҳои атроф, ки шояд ба вақти дигар маҳали чарои рамаи гӯсфандон буд, ҳоло дар ин гармо холӣ ба назар мерасид. Боз чанд километр рафта будем, ки аз дур мошине намоён шуд, Роҳ ҳамоно росту ҳамвор буд. Пас аз фурсате нақлиёти дигаре пеши рӯ омад ва ҳамин тавр аз пас низ аз дур нури офтоб ба шишаи кадом як нақлиёти дар роҳ буда расида ҷило дод ва дилҳои беқарори мо ором шуд: мазмун мо бо роҳи обод пеш меравем. Роҳе, ки аз соҳили рости дарёи Сир ва аз доманаи кӯҳҳои Талҳои сурх мегузашт. Дар маҳале аз роҳ дастаи роҳсозон ба ҷойҳои вайроншудаи асфалт муми гарму тоза мерехтанд ва як адад техникаи роҳсахткунак ҳам дар ихтиёрашон буд. Асфалти тайёрро, ки шояд дар ҳамин наздикиҳо мепухтанд, аз соғуи мошини «ЗиЛ» ду коргари роҳсоз бо бели калон ба чуқуракҳои роҳ мепартофтанд ва коргарони дигар онро ҳамвор намуда барои аз болояш зер карда, гузаштани роҳсахткунак омода месохтанд. Роҳ, ки каммошин буд, кори роҳсозон қариб, ки ба ҳаракати нақлиёт халал ворид намекард. Мошини мо ҳам аз канори нуқтаи кори онҳо гузашт, танҳо чизе, ки буд, мо бо имову ишора ба коргарон арзи сипос кардему онҳо ҳам даст бардошта ба мо «роҳи сафед» хостанд.
Пас аз чанд километри дигар аз тарафи дасти рост канори кӯҳ аз дур сафедие ба назар расид ва мо дар ҳол тахмин кардем, ки он гӯшае аз ҳамон кӯл аст. Ҳар чӣ пеш мерафтем, дуруст будани ин тахмин бештар собит мешуд. Мо акнун оғози кӯлеро, ки ба масоҳати 8,8 километр, дарозои 5 километр ва паҳнои 2,5 километр дар қисмати шимолу ғарби водии Фарғона, дар доманаи қаторкӯҳи Қӯрамин дар баландии 420 метр аз сатҳи баҳр воқеъ аст, медидем. Он аз дур чун хирмани пур аз пахтаи навчидаи аввали тирамоҳ сап- сафед ба назар мерасид, нурҳои офтоб ба он расида ҳар ҷо – ҳар ҷо ҷило медод…
Эъҷози табиат
Мо гумон мекардем, кӯл сарчашмае дорад, ки онро пуроб мекунад, вале баъдтар, дар рӯзҳои будубошамон ва зимни суҳбатҳо бо мардуми маҳал маълум гардид, ки кӯл сарчашма надорад, баҳорон аз обҳои барфи дар ёлаҳо ҷамъшуда ва оби борон пур мешавад. Аммо ба гуфтаи мутахассисон, умқи ин кӯл дар ҳолати сероб будан ҳам аз 60 -70 сантиметр зиёд нест.Тобистон об зери таъсири ҳавои гарм зиёд бухор гардида, камоб ва баъзе минтақаҳояш ҳатто хушк мешавад. Дар мавзеъҳои соҳилии кӯл фақат як - ду ваҷаб об мемонад, ки он ҳам шӯр аст ва вақте ба даҳон мегиред, аз зиёдии намак таъми тунду шӯрро медиҳад. Дар зери ин об лойқаи сиёҳранги намак бо бӯи хос боқӣ мемонад, ки он ҳам шӯр аст. Ана ҳамин ду чизе аст, ки бинобар хосияти табобатӣ доштан садҳо, шояд ҳазорҳо нафарро ҳар тобистон ба ин маҳал мекашад. Садсолаҳо чунин будааст ва ҳоло бо кушода шудани роҳҳои наву муосири нақлиётӣ шумораи ихлосмандонаш ҳар сол бештару бештар мешавад.
56 сол пеш нахустин дармонгоҳро сохтанд
Мо ба маҳали ин дармонгоҳ, ки ҳоло андаке такмил шудааст, қариб соати 3-и пас аз нимарӯз расидем. Он 6 километр аз роҳи асосии Хуҷанд – Ашт ва дар масофаи 35 – километрӣ то маркази ноҳия воқеъ аст. Ҳам ба ноҳия ва ҳам ба ин маҳал ягона роҳ аз Хуҷанд меравад.
Дар ҷо-ҷои масоҳати васеи дармонгоҳ ҳанӯз ҳам биноҳои харобгашта аз нахустин иншооти бунёдшуда дар гузашта ба ҳолати нимавайрон ба назар мерасад. Сабаби ин харобиҳоро мо дар чанд рӯзи иқомат дарёфтем: чун ин дармонгоҳ мавсимӣ аст ва дар сол тақрибан ду моҳ кор мекунад, дар замони бекорӣ биноҳои гилӣ аз борону боди биёбонӣ фарсуда мешаванд ва дар мавсими нав бо андаке таъмири зоҳирӣ дубора ба кор оғоз мекунанд. Ё ҷои дигар сохтмони нав бунёд месозанд.
Соли 1961 бори аввал дар наздикии кӯл, дар ҳамон маҳале, ки ҳоло бошишгоҳ ва маҳали истироҳати мизоҷон сохта шудааст, табобатхона ва дармонгоҳ бунёд гардид. То он замон дар натиҷаи пажӯҳишҳои олимон мушаххас шуда буд, ки Оқсукон макони лойи таҳшиншудаи сулфид буда, истифодаи он, ки ҳанӯз аз қадим дар миёни мардуми атроф маъмул буд, хосияти баланди табобатӣ дорад. Боз ҳам дар он солҳои 60 - и садаи гузашта буд, ки заминшиносон ҳаҷми захираи гилу намаки ин конро қариб 480 ҳазор тонна эълон карда буданд. Баъдтар аз лойи он истироҳатгоҳҳои дигари мавҷуд дар вилоят барои табобати дардҳои беморон мебурданд ва духтурон истифода мекарданд. Гуфта мешавад, дар солҳои мавҷудияти Иттиҳоди Шӯравӣ, ки байни ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна сарҳад танҳо як хати рамзӣ буд, ба осоишгоҳҳои ҷумҳуриҳои ҳамсоя низ аз ин лой интиқол мешуд.
Дар манбаъҳои илмӣ омадааст, ки таҳқиқи маҳали кӯл ҳанӯз дар охири асри 19 оғоз ёфта, дар ҷараёни пажӯҳишҳои чандинсола собит гардидааст, ки оби кӯл манбаи намакоби хлорий, натрий ва дигар намакҳои барои табобати системаи қолаби бадан (скелет) ва асаби инсон муҳим ғанӣ аст. Карбонат, сулфат, намаки ошӣ, калтсий, магний, бор ва калий аз дигар элементҳои химиявиии мавҷуд дар обу лойи ин кӯл аст, ки якҷо бо маъданҳои фосфору оҳани мавҷуд дар гили он аз маводи зарурӣ барои бемориҳои зиёд дониста мешаванд.
Аз маҳали хобгоҳи меҳмонон то кӯл 1,5 – 2 километр роҳ аст. Ин масофаро дар гузашта пиёда тай мекарданд, аммо ҳоло бештари мардуми омада, бо нақлиёт мераванд ва ҳатто ронандагоне аз мардуми деҳкадаҳои атроф бо нақлиёте, ки доранд, ҳамчун такси равуо мекунанд. Агарчӣ духтурон рафту омади пойлуч аз хобгоҳ то соҳили кӯлро тавсия мекунанд, вале бисёриҳо барои худ ин тарзи ҳаракатро ор медонанд.
Дар соҳили шӯркӯл, ҳамарӯза барои мизоҷони зиёди ҷамъомада, коргарони дармонгоҳ аз лойи аз қаъри кӯл ва аз зери намакоб гирифта шуда суфачаҳо месозанд. Аз нури офтоб лой то 40 -45 дараҷа гарм ва муносиби дар он хобидани беморон мешавад. Мо ҳам чун ба соҳили кӯл расидем, нафари масъул пас аз гирифтани чеки хазина суфачаҳои тайёрро нишон дода, фармуд, ки ҳар кадом якеро интихоб карда дароз кашем. Пас аз чанд сония бадани мор бо лойе, ки дар аввал каме норҳаткунанда буд, пӯшонданд. Баъзеҳо пеш аз ба суфача хобидан худро дар оби кӯл тар карда меомаданд, то эҳсоси нороҳатӣ камтар шавад. Инҷо барои бозии бачаҳо ҷои муносибу роҳат буд (мо инро дар мисоли кӯдаконе дидем, ки бо калонсолон омада буданду хеле хушҳолона худро ба лой партофта бозӣ мекарданд).
Соҳили табобати занон ҷудо аз мардон, пушти теппаи баланде аст, ки соҳили кӯлро ба ду қисмат ҷудо мекунад.
Нури офтоб, лой ва роҳат
Пас аз он, ки мизоҷҳо омада барои худ аз ин суфачаҳо якеро интихоб мекунанд ва баробари тайёр (гарм) шудани лой ба он мехобанд, тавре гуфтем, коргарони дармонгоҳ нафари ба лой хобидаро то миён ва китфу гарданаш мегӯронанд. Мо ҳам чунин кардем. Дар чанд сония аз бадани мо эҳсоси нороҳатӣ гум шуду ҷои онро ҳолати гарму гуворо фаро гирифт. Кас хаёл мекард, нури офтоб аз лой ба осонӣ гузашта ба шакли маҳлули гарм ба бадан мешорад ва тамоми хастагӣ, дарду куфти ҷисмро ҷабида мегирад. Баъзеҳо барои он ки бадани худро ба ҳолати лойқа мутобиқ кунанд, аввал ба оби кӯл даромада, сипас ба назди суфачаи худ барои дар лой гӯр шудан меомаданд.
… Пас аз 20 – 30 дақиқаи дар лой хобидан мизоҷон аз ҷой бархоста лойро меафшонад ва дар оби гарми кӯл худро мешӯянд. Мо ҳам чунин кардем. Албатта ин шустушӯи мо ба маънои нисбӣ буд, зеро аз оби шӯркӯл танҳо лойи бадан меравад, вале намакоб боқӣ монда пас аз чанд сония дар ҳавои гарм хушк шуда,монанди оҳак ба сафедӣ табдил меёбад ва барои одамоне, ки ба он одат надоранд ҳолати ногувору ноҳинҷор пеш меорад. Ба тавсияи духтурон, бо чунин ҳолат бо иваз кардани танҳо либоси худ бояд то рӯзи дигар кас бимонад, то фоидаи намакобу маводи дигари маъданӣ ва ҳар гуна микроэлементҳо, аз ҷумла йод, бром, оҳани магний, калий, натрии барои микроорганизм муфид, ки аз лойи шӯр ба бадан мерасад, то рӯзи дигар бо хосиятҳои табобатии худ ба ҷисм таъсир расонад.
Бо вуҷуди ин баъзе одамони бетоқат бо оби тозае, ки дар маҳали хобгоҳ мавҷуд аст, шустушӯй мекунанд ва сипас мехобанд.
Духтурҳо оби кӯл ва лойи онро барои табобати бемориҳои спирози шуш, бемориҳои банду буғум, диқи нафаси дил муфид медонанд.Шояд ба ҳамин сабаб аст, ки ҳар сол дар баробари шаҳрвандони Тоҷикистон, ки аз гӯшаю канори ҷумҳурӣ ба нияти шифо меоянд, дардмандони зиёде аз Русия, Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон низ ба ин гӯшаи кишвари мо сафар карда, чанд рӯз бо обу лойи тавонбахши Оқсукон худро табобат мекунанд.
Дар рӯзҳое, ки мо инҷо будем, асосан сокинони ноҳияҳои вилояти Суғд ба шумули ҷамоатҳои худи Ашт омада табобат мегирифтанд. Ба ғайр аз мо чанд нафари дигар ҳам аз Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ ба умеди табобат инҷо қарор доштанд. Бобои Нарзуллои 75 – сола, ки худ дар гузашта духтур будаву ҳоло бештар ба сайру саёҳат машғул аст, гуфт, ки ҳафтдаҳ сол аст, ки бо мошинҳои роҳ барои дамгирӣ ва табобат ба инҷо меояд. То панҷ рӯз мемонад ва таъсири дармони обу лояшро то соли дигар дар ҷисми худ мебинад ва худро бардам эҳсос мекунад.
Вай дар мавриди сабаби дер омаданаш гуфт, ки бо фаро расидани моҳи август шумораи мизоҷон кам мешавад ва барои табобат ва истифодаи муносиб аз гилу оби кӯл имкони беҳтар муҳайё мегардад. Агар ҳаво гарм ояд, моҳи август беҳтарин вақти табобат гирифтан дар соҳили ин кӯл аст, - таъкид кард ӯ.
Абдуваҳоб Мадумаров, духтур ва муҳаққиқи хосиятҳои шифобахши ин кӯл ба ин хулоса расидааст, ки «дар баробари хосияти дармонӣ доштани шӯркӯли Оқсукон барои буғумдарду системаи асаб, чанд рӯзи муолиҷа бо лою намакоби он барои табобати подагра – ниқрис ҳам фоиданок аст».
Ба гуфтаи ӯ, «сих задани яке аз ангуштони калон ва дарди буғумҳои пой аз нишонаҳои аввалини ин беморӣ ҳастанд».
Ҳамсуҳбати дигари мо Суҳроби 32 – сола аз ноҳияи Бобоҷон Гафуров буд. Ин ҷавонмард гуфт, дар умри худ бори аввал барои муолиҷа ба ин кӯл омадааст. Ҳарчанд то ин дам тавсифашро аз ёру рафиқонаш зиёд шунида буд ва аз масофаи ҳамагӣ 70 километр метавонист чанд бори дигар ҳам ояд, вале фақат имсол зарурати омадану дармон гирифтанро эҳсос кард.
Ӯ андеша дорад, ки одамон ва махсусан ҷавонони ҳамсоли вай барои муолиҷаи бемориҳои аз таъсири хунукӣ пайдошуда аввал аз воситаҳои дармонии табиӣ бояд истифода кунанд, то ҳаргуна дард пурра табобат гардад ва рӯпӯш нашавад. Барои табобати тиббӣ бошад ҳамеша фурсат ҳаст.
Суҳроб бо нимшӯхӣ меафзояд: - Инҷо барои одамони обию хокӣ аст, зеро шароити начандон ба назар тозаю ободро надорад. Барои одамоне бо хислати боду оташ истироҳатгоҳҳои ҳозирзамон мавҷуданд. Чунин одамон дар шароити ин кӯл чанд соат ҳам тоқат намекунанд.
Ӯ илова кард: - Дар муддати кӯтоҳе, ки инҷо ҳастам, аҳли як оиларо дидам, ки барои чанд рӯз омада буданд, вале пас аз як бор ба соҳил рафтану худро дар обу лой гирифтан саросема ба мошини худ нишаста пас рафтанд.
…Дар рӯзи чорум пас аз хобидан дар лою шустушӯй дар намакоб ҳавои маҳал абрнок шуда, гармӣ ба сардӣ мубаддал шудан гирифт. Лаҳзае пас каме борон ҳам борид. Мо ба қарор омадем, ки вақти бозгашти мо расидааст, чунки ҳавои фардо ҳам бароямон номаълум буд. Аз сӯи дигар эҳсос мекардем, ки ҷисми мо ҳар чӣ ки лозим буд, дар ин рӯзҳо гирифт. Чун дар тараддуди бозгашт шудем эҳсос намудем, ки дар ин муддат ба табиати андаке ваҳшӣ ва дастнохӯрдаи канори кӯл одат намудаем. Бо вуҷуди ин мо бояд бармегаштем. Вақти хайрухуш кардан бо онҳое, ки дар ин чанд рӯз ошноӣ пайдо карда будем, аз ҷумла ҳини «паноҳ бар худо» гуфтан, бо кормандони хобгоҳ ва бо аҳли ошхона, дилбастагии мо ба ин макону ба ин мардуми бонамак бештар аён шуд.
Вақте дар роҳ будем, яке борон бориду пас аз лаҳзае шиддат гирифт, шояд ба он хотир, ки мо бовар кунем, қарори тарки ин маҳал карданамон дуруст аст. Дар ҳавои серуну муътадил ва дар сурати гарм нашудани лойи соҳили кӯл ба обу лой даромадани мизоҷон беҳуда ба назар мерасад. Аз ин сабаб аст, ки вақти мусоиду муносиби табобат июл дониста мешавад.
…Чун аз дарвозаи табобатгоҳ берун шудем, яке аз ҳамроҳон бо ҳасрат гуфт: - То боздид, Оқсукон! Ёдат ба хайр, макони оби сафед!
Дар воқеъ, ин нидои дили ҳар кадоме аз мо буд.
Солеҳ Юсуфов,
Азиз Сангов
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: