Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Танзим – баракати зиндагист

Танзим – баракати зиндагист

22-09-2017, 10:27
Хабарро хонданд: 376 нафар
Назарҳо: 0
Танзим – баракати зиндагист
Панҷ. Гурӯҳи корӣ дар ҳайати Қосимзода И.Т. раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Нидозода Ҳ.Б. вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, Н.Мирзоалиев сармутахассиси Раёсати вазорати фарҳанг, Ш.Холов мудири шуъбаи клиникии муассисаи давлатии таълимии Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии кормандони соҳаи тандурӯстии ҷумҳурӣ бо роҳбарии раиси ноҳияи Панҷ Сайфуддинзода Маҳмадюнус Кабут ва раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Панҷ Ё.Носиров дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, ташкилоту муассисаҳои ноҳия бо мардум мулоқот намуда, муҳтавои тағйиру иловаҳои ба Қонуни мазкур воридгардидаро ҳамаҷониба шарҳу тавзеҳ доданд.
Аз ҷониби меҳмонон дар баромадҳояшон қайд гардид, ки ба хотири ҳимояи манфиатҳои аҳолӣ як қатор меъёрҳои нав пешниҳод карда шуданд. Аз ҷумла, дар рӯзҳои идҳои Қурбон ва Рамазон роҳ надодан ба исрофкорӣ ва зиёдаравӣ, гузаронидани хатнасур дар доираи оила бе хизматрасонии санъаткорон, хатна бошад мувофиқи хоҳиши волидайн дар рӯзи таваллуди писар то рӯзи 20-уми баъди таваллуд дар муассисаҳои тиббӣ ба таври ройгон бо тартиби муқаррарнамудаи мақомоти соҳаи тандурустӣ сурат гирифтан, бе забҳи чорво ва хизматрасонии санъаткорон дар доираи оила гузаронидани маъракаҳои номгӯзорӣ, гаҳворабандон, чиллагурезон, мӯйсаргирон ва монади инҳо, камхарҷ гузаронидани маъракаҳои арӯсию домодӣ ва агар тарафҳо розигӣ диҳанд, ба ҷойи додани оши тӯй маблағи онро ҷиҳати беҳтар гардонидани шароит зиндагии навхонадорон сарф намудан, тамоми маросими дафну азодориро бе забҳи чорво ва бе додани таом гузаронидан, манъи маъракаи «ҳоҷизиёрат», масъул будани маъмурияти қаҳвахонаҳо, ошхонаҳо, тарабхонаҳо дар баробари соҳибони маърака оид ба шумораи даъватшудагон вақти гузаронидан, дар асоси шартнома расонидани хизматҳои фарҳангӣ, вақти гузаронидани маъракаҳо дар рӯзҳои истироҳат аз соати 8-00 то 22-00, дар рӯзҳои корӣ аз соати 18-00 то 22-00 бо ба инобат гирифтани рӯзҳои гармо ва сармо ва монанди инҳо барин тағйиру иловаҳо ба ҳукми Қонун дароварда шуданд.
Ҳамчунин, барои вайрон кардани талаботи Қонуни мазкур ҷаримаҳои калон, аз вазифа озод кардани шахсони мансабдор, ҳуқуқӣ, соҳибкорон, ходимони уламои дин ҷазоҳои вазнин пешбинӣ шудааст.
Ҳамзамон, меҳмонон зимни суханрониҳои худ оди пешгирии шомилшвии ҷавонон ба ҳизбу ҳаркатҳои террористию ифротгаро, ичрои талаботи Қонунҳо «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», таблиғи либоси миллӣ ва даст кашидан аз фарҳанги бегонапарастӣ, ки барои миллати мо манфиат надорад, таваққуф намуданд.
Гуфтан ба маврид аст, ки гуруҳи корӣ дар ҳамаи ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия ҳамин гуна ҷамъомаду мулоқотҳо бо аҳолӣ доир намуданд ва ба саволҳои сершумори иштирокчиён ҷавобҳои мушаххас доданд.
Минбаъд низ, дар асоси нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия гурӯҳҳои таблиғотии ситодҳои доимамалкунада, гурӯҳҳои ҷамъиятии «Фарҳанги сиёсӣ» кори худро дар ин замина бо табақаҳои алоҳидаи ҷомеа, яъне дар деҳоту маҳаллаҳо ва ташкилоту муассисаҳо идома хоҳанд дод.

Атавуллоева З.
Мудири бахши занони КИ ҲХДТ
дар ноҳияи Панҷ.











Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: