Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Фарҳанги миллӣ – ҳастии миллат

Фарҳанги миллӣ – ҳастии миллат

18-09-2017, 15:27
Хабарро хонданд: 211 нафар
Назарҳо: 0
Фарҳанги миллӣ – ҳастии миллат
Панҷ. Дар пайи таъкидҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат роҳбари муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки бахшида ба Соли ҷавонон дар Паёми солонаашон ба Маҷлиси Олии кишвар ироа намуданд, гуфта шудааст, ки «Аҳли ҷомеаро зарур аст, ки пояҳои ахлокии насли ояндасозро бо ташаккули афкори эҷодию созанда ва гиромидошти арзишҳои фарҳанги миллӣ мустаҳкам созанд».
Оре, либоси миллӣ низ яке аз унсурҳои фарҳанги миллӣ ба ҳисоб меравад , бинобар ин фархангро бояд тавре нигох дошт, ки орӣ аз ҳама гуна таъсироти бегона буда, инъикосгари модиёт ва маънавиёти миллат бошад.
Дар ин бобат бо ибтикори ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандгони Ватан»-и назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ санаи 11 сентябри соли 2017 бо раисони шӯрои занони муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия вохурӣ баргузор карда шуд.
Дар ин ҷамъомад доир ба фарҳанги бою ғанӣ доштани миллати сарбаланди тоҷик сухан рафта, аз тарзи либоспӯшии модарону бонувони тоҷик ёдоварӣ шуданд. Афзуданд, ки дар ҷомеаи мутамаддин ҳар як миллатро бо сару либиси миллиаш мешиносанду баҳо медиҳанд.
Воқеан, тӯли якчанд соли охир маърифати бегонапарстӣ дар тарзи либоспӯшӣ ва кирдорҳои бархе аз ҷавонону наврасон ва занон ба мушоҳида мерасанд, ки боиси нигаронии аҳли ҷомеа гардидааст, ки ин ҳамон бархӯрди тамаддунҳо мебошад.
Мо бояд аз ин бархурдҳо беҳтарин чизҳоро ба худ гирем ва нагузорем, ки пояҳои фарҳанги миллии мо заиф гарданд, чунки фарҳанг ҳастии миллат мебошад.
Баъдан, аз ҷумлаи занони фаъол, раисони шӯрои занони назди муассисаҳои таълимии ноҳия Солиева Лутфия, Дузалова Зулфия, Шоираи Азим баромад намуда, баҳри дастгирӣ ва таблиѓи сару либоси миллии тоҷикона ибрози андеша намуданд.
Дар ин росто сардафтари адабиёти форсу тоҷик устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ низ фармудаанд:

Ҳеҷ ганҷе нест аз фарҳанг беҳ,
То тавони рӯй бар ин ганч неҳ.
Диловар Холов.
Роҳбари ТҶҶ «Созандагони
Ватан» дар н.Панҷ.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: