Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » ТАНЗИМ — БАРАКАТИ ЗИНДАГӢ

ТАНЗИМ — БАРАКАТИ ЗИНДАГӢ

15-09-2017, 08:28
Хабарро хонданд: 243 нафар
Назарҳо: 0
ТАНЗИМ — БАРАКАТИ ЗИНДАГӢ

ДУШАНБЕ, 14.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. Чандест, ки вохӯриҳои гурӯҳҳои таблиғотӣ ҷиҳати ба мардум расонидани аҳамият ва ҳадафҳои қабули тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо сокинони пойтахт идома доранд. Чунин вохӯрии судманд дар маҳаллаҳои Шодӣ, Шоҳмансур 1 ва 2-и ноҳияи Шоҳмансур баргузор гардид.

Роҳбари гурӯҳи таблиғотӣ, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Зоир Раҳмонзода моҳият ва нишондодҳои омории 10 соли амали қонуни миллии танзимро бо овардани асноду далелҳои мушаххас ба ҳозирин шарҳ дод.

Вохӯриҳои гурӯҳҳои таблиғотӣ ҷиҳати ба мардум расонидани аҳамият ва ҳадафҳои қабули тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳром Абдуалимов ба масоили баргузории тӯйи домодию арӯсӣ, хатнасур ва дигар маросимҳои миллӣ таваҷҷуҳ зоҳир карда, нақши тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро дар баланд бардоштани сатҳи иқтисодиёти аҳолӣ амиқ арзёбӣ кард.

Ҳамчунин Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ атрофи муқаррароти Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳолатҳои гуногуни садамавӣ, зиёд шудани ҷаримаҳо ҳангоми бе ҳуҷҷати ронандагӣ ва мастӣ идора кардани воситаи нақлиёт ибрози назар намуд.

Роҳбари гурӯҳи таблиғотӣ, раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Зоир Раҳмонзода аз сокинони ноҳияи Шоҳмансур даъват ба амал овард, ки дар иҷрои бечунучарои муқаррароти қонунҳои мазкур саҳмгузор бошанд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: