Ҷавонон — ҳамқадамони боэътимоди Пешвои миллат ва таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ!7-09-2017, 08:48
Хабарро хонданд: 334 нафар
Назарҳо: 0
Ҷавонон бояд сабақҳои Истиқлолиятро ҳаматарафа омӯзанд, аз сиёсати имрӯз огоҳ бошанд, таърихи гузаштаву ҳозираи халқи худро гаштаву баргашта варақ зананд ва аз Ватан, миллат, забон ва фарҳанги худ ифтихор намоянд. Эмомалӣ РАҲМОН ДУШАНБЕ, 07.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. Истиқлолият беҳтарин дастовард, арзиши олии давлатдорӣ, нангу номуси ватандорӣ, ифтихор аз таъриху тамаддун ва фарҳанги оламшумули тоҷикон мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона роҳи бебозгашти навсозӣ ва шукуфоиро ихтиёр намудааст. Ва бояд гуфт, ки рушди босуръати иқтисодиёти миллӣ вазифаҳои мушаххаси созандагиву бунёдкории ҳамешагиро пеш мегузорад, ки мақсади ниҳоии он беҳдошти сатҳу сифати зиндагии сокинони мамлакат ба шумор меравад. Имрўз навсозию бунёдкорӣ дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ-барномаҳои иҷтимоӣ, технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ, фарҳанг, пешрафти истеҳсолоти саноатӣ ва хоҷагии қишлоқ ба хубӣ эҳсос гардида, меъёрҳои муосиртарин дар ин самтҳо амалӣ мегарданд. дотсенти Донишкадаи сохибкорӣ ва хизмати Тоҷикистон Фазлиддин ҚОДИРОВ Тавре дотсенти Донишкадаи сохибкорӣ ва хизмати Тоҷикистон Фазлиддин ҚОДИРОВ зимни суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» изҳор намуд, имрўз барои дараҷаҳои сифатан нави некӯаҳволии сокинони мамлакат таҳкурсии муқтадир гузошта шудааст. Ба гуфтаи Фазлиддин Қодиров, барои амалисозии ин нақшаҳо, пеш аз ҳама, мутахассисони баландпоя, кадрҳое заруранд, ки афкору андешаҳои наву замонавӣ дошта бошанд. «Ин вазифа дар навбати аввал бар дўши ҷавонони тоҷик, насле, ки имрўз фаъолона ва устуворона барои бунёди ояндаи дурахшони кишвари худ заҳмат мекашанд, меистад. Ҳамин аст, ки Ҳукумати мамлакат таҳти сарварии Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташаббусу пешниҳодҳои созандаи ҷавононро ҳамеша дастгирӣ намуда, барои амалӣ гардидани онҳо тамоми шароиту имкониятҳоро фароҳам месозад. Аз ҷониби Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидани Соли ҷавонон гувоҳи гуфтаҳои болост»,-зикр намуд ӯ. Дар Паёми солонаи худ ба Маҷлиси Олӣ Президенти мамлакат муҳтарм Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки «ҷавонон бояд аз ҳама қишрҳои ҷомеа бештар фаъол бошанд, ташаббусҳои созанда пешниҳод намоянд, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз кунанд, дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистони азиз бо дасту дили гарм ва неруи бунёдгарона ширкат варзанд, амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда, худро аз ҳама хавфу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир эмин нигоҳ доранд ва парчамбардори ин сарзамин, марзу бум ва кишвари муқаддасамон бошанд». Ҷавонони мо чолоку тавонманд, дорои иқтидорҳои бузурги зеҳнӣ ва билохира дорои эҳсоси баланди ватандўстӣ ва ватанпарварӣ мебошанд. Беҳуда нест, ки Пешвои миллат пайваста дар мулоқоту суханрониҳои худ таъкид мекунанд, ки ҷавонон бояд тамоми масъулиятро нисбат ба халқи худ ва ояндаи мамлакат ба хубӣ эҳсос кунанд. Чавонон- _5Ба андешаи устоди ин донишгоҳ, ҷавонони мо бояд аз кирдорҳои номатлуби ҷаҳони муосир, аз ҷумла узвият ба ҳар гуна ташкилоту созмонҳои террористию ифротгароӣ ва нашъамандию ҷинояткорӣ худдорӣ карда, бештар ба донишандўзӣ, корҳои илмию озмоишӣ, ихтироъкорӣ ва тарбияи маънавию варзишии худ машғул шаванд ва дар корҳои муҳими сиёсию ҷамъиятӣ ва таҳияи лоиҳаҳои нави инноватсионӣ ба нафъи давлату миллат фаъолона иштирок намоянд. «Бо амалӣ кардани мақсадҳои болозикр аз сифати донишу кордонӣ ва талошу заҳматҳои доимии ҷавонони мо кишвари мо- Тоҷикистон миёни давлатҳои ҷаҳон ҳамчун кишвари шинохта ва дорои обрӯву манзалати боз ҳам баландтар хоҳад гардид. Имрўз ҷавонони мо дорои эҳсоси баланди ватандорӣ, андешаҳои солими сиёсӣ ва заковатманду созанда мебошанд ва сокинони мамлакат бо ин гуна насли ҷавони худ ифтихор доранд. Агар саҳифаҳои таърихро варақгардон намоем, ба хубӣ эҳсос хоҳем кард, ки ҷавонони тоҷик ҳамеша дар хати пеши навсозиҳо қарор гирифта, аз муборизони асосӣ дар роҳи дарёфт ва расидан ба истиқлолият мебошанд. Ин анъанаи насли пешинаи ҷавонони тоҷик имрўз бояд сармашқи кору пайкори насли нав бошад»,-меафзояд Фазлиддин Қодиров. Дастовардҳои ҷавонони давраи истиқлолият дар ҷодаи истеҳсолоту саноат, илму техника, фарҳанг, варзиш ва дигар самтҳои афзалиятноки ҳаёти рӯзмарра хеле назаррас ба чашм мерасанд. Маҳз ҷавонон иштирокдорони чорабиниҳои илмиву фарҳангӣ, варзишӣ ва инноватсионии сатҳи ҷаҳонӣ буда, аз парчамбардорони асосӣ ва қосидони Тоҷикистони соҳибистиқлол дар миқёси байналмилалӣ мебошанд. «Ҷавонони имрўзаи тоҷик аз ҳамқадамони боэътимоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кори бунёди ҷомеаи пешрафта ва фарҳангиву зеҳнии замони нав мебошанд. Беҳуда нест, ки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раисии Шӯрои миллии кор бо ҷавононро ба уҳда доранд. Зери роҳбарии Сарвари давлат амал намудани Шӯрои миллии кор бо ҷавонон намунаи олии эътимоду боварӣ ва эҳтироми роҳбарияти сатҳи олии мамлакат нисбат ба ҷавонони кишвар буда, ин тадбир имкон медиҳад, ки пешниҳодоти ҷавонон ҳарчӣ бештар дастгирӣ ёбанд ва мушкилоти дар ин самт мавҷуда сари вақт баррасӣ гардида, роҳу усулҳои фаъолияти минбаъдаи ҷавонон боз ҳам дақиқу мушаххас карда шаванд»,- мегӯяд муаллими Донишгоҳ. Бояд зикр намуд, ки ҷавонон дар шароити кунунӣ ба воқеияти сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоии ҷаҳони муосир зудтар ва беҳтар ҳамоҳанг гардида, дар бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ саҳми муассиру ҳалкунанда гузошта метавонанд. «Насли ҷавон бояд бо тамоми ҳастӣ дарк намояд, ки барои устувор намудани пояҳои истиқлолияти миллӣ ва бунёди давлати пуриқтидори демократӣ, тақдири ояндаи миллат, амнияту оромии кишвар ва эҳёи дурахшонтарин арзишҳои тамаддуни бузурги ниёгонамон масъулияти бузурге бар дӯш дорад»,-изҳор намуд Фазлиддин Қодиров. Шаҳлои САДРИДДИН |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.