Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ИЗҲОРОТИ Ҳизби Ҳалқии Демократии Тоҷикистон

ИЗҲОРОТИ Ҳизби Ҳалқии Демократии Тоҷикистон

30-08-2017, 07:55
Хабарро хонданд: 364 нафар
Назарҳо: 0
Аъзои Ҳизби Ҳалқии Демократии Тоҷикистон ба имзо расидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро якдилона дастгирӣ менамоянд. Дар изҳороти ин ҳизб, ки ба АМИТ «Ховар» расидааст, чунин изҳори назар шудааст:

Мо, аъзо ва ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар мулоқот бо фаъолон ва намояндагони ҳамаи табақаҳои ҷомеаи кишвар бахшида ба 10- солагии қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» шунида, дастуру супориш ва ҳидоятҳои Пешвои миллатро пурра ҷонибдорӣ намуда, қабул шудани ин қонуни миллиро дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва дигар самтҳои зиндагӣ ҳамчун таҳаввулоти ҷиддӣ ва инқилоби маънавию фарҳангӣ меҳисобем.

Мо, аъзои ҲХДТ ба дурустӣ дарк менамоем, ки қонуни мазкур барои ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллӣ асос гузошта, бешак, суннатҳои диниву мардумиро ба танзим медарорад.

Қабул шудани ин қонун ба баланд шудани дараҷаи зиндагӣ ва паст гардидани сатҳи камбизоатӣ мусоидат менамояд. Ин қонун дар муқовимат бо зуҳуроти фарҳанги бегона, ҳифзи анъанаву расму оин ва арзишҳои миллӣ замина гузошта, халқро аз зери бори гарони сарфу хароҷоти миёншикан, маросимҳои ғайридиниву мазҳабӣ, тӯйҳои намоишкорона, тақлиду хурофот ва бегонапарастӣ наҷот медиҳад.

Боиси хушнудии мо, мардуми фарҳангсолори тоҷик мебошад, ки қонуни мазкур дар замони басо мураккаби бархӯрди тамаддуну фарҳангҳо, ки метавонад боиси аз байн рафтани расму русуми миллӣ гардад, анъана ва маросиму ҷашнҳои миллиро мушаххасу дақиқ намуд. Ҳамзамон пеши роҳи хурофоту таассубро, ки омили манфии таъсиррасон ба мафкураи миллӣ мебошанд, гирифт, худнамоиву зоҳирпарастӣ ва исрофкориву зиёдаравиро аз байн бурд. Ба ҷорӣ гардидани низому тартиботи ягонаи баргузории чорабиниҳои милливу мардумӣ роҳ кушод.

Таҷрибаи начандон тӯлонӣ нишон дод, ки воқеан ҳам қабули чунин қонун барои миллат ва ҷомеаи Тоҷикистон саривақтӣ ва зарур буда, барои мардум аҳамияти бузурги иқтисодиву иҷтимоӣ дорад ва омили муҳими таъмини зиндагии шоиста барои ҳар як сокини кишвар мебошад.

Аз ин рӯ Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҷонибдории худро аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» иброз дошта, тамоми ташкилотҳои ҳизбии шаҳру навоҳӣ ва кулли ҷонибдоронашро даъват менамояд, ки дар амри таблиғу ташвиқ ва амалӣ гардонидани муқаррароти он ташаббус ва фаъолнокӣ нишон диҳанд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: