Мувофиқ омадани Рӯзи Дониш ва Иди Қурбон дар Тоҷикистон баҳсҳоро гарм кард29-08-2017, 09:36
Хабарро хонданд: 208 нафар
Назарҳо: 0
Федератсияи Иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон қарори Вазорати маориф ва илм дар бораи рӯзи дарсӣ эълон кардани 1-уми сентябрро дуруст мешуморад. Ин дар ҳолест, ки рӯзи 1-уми сентябр дар Тоҷикистон иди Қурбон таҷлил мешавад ва ин ид тибқи қонунгузорӣ, ҳамчун рӯзи истироҳат эълон шудааст. Исмоил Файзизода, муовини раиси Федератсияи Иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон гуфт, тасмими Вазорати маориф дар доираи салоҳияти ин ниҳод гирифта шудааст ва ба қонунгузорӣ мухолифат надорад. Вазири маориф ва илми Тоҷикистон Нуриддин Саид ахиран бо судури як фармон дастур дод, ки дар Рӯзи дониш хонандагони мактабҳои миёна ва олӣ ба дарс ҳозир шаванд. Эҳсони Хушвақт, сухангӯи Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон гуфт, хонандагон ва донишҷӯён рӯзи 1-уми сентябр ба дарс мераванд ва ба ҷойи рӯзи Иди Қурбон, ки рӯзи истироҳат эълон шудааст, рӯзи 2-юми сентябр таътил мекунанд. Баҳсҳо атрофи ин масъала аз чанд рӯз ба ин тараф дар ҷомеа идома дорад. Шуморе аз корбарон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин тасмими вазорати маориф ва илми Тоҷикистонро нақзи ҳуқуқи конститутсионии худ донистанд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.