Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Сокинони Тоҷикистон дар иди Қурбон чанд рӯз истироҳат мекунанд?

Сокинони Тоҷикистон дар иди Қурбон чанд рӯз истироҳат мекунанд?

24-08-2017, 11:08
Хабарро хонданд: 230 нафар
Назарҳо: 0
Сокинони Тоҷикистон дар иди Қурбон чанд рӯз истироҳат мекунанд?

ДУШАНБЕ, 24.08.2017/АМИТ «Ховар»/. Тибқи қарори Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон дар кишварамон иди саиди Қурбон рӯзи ҷумъа, 1 сентябр таҷлил мегардад. Дар робита ба ин 1 сентябр тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи истироҳат эълон гардидааст. Рӯзҳои 2 ва 3 сентябр, яъне шанбе ва якшанбе тибқи тақвим дар кишварамон рӯзҳои маъмулии истироҳатиянд.

Тавре дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» муовини раиси Федератсияи Иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Исмоил Файзизода гуфт, «тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон агар рӯзи ид ба рӯзи ғайрикорӣ рост ояд, аз ҳисоби рӯзи корӣ рӯзи иловагӣ пешниҳод карда мешавад. Дар соли равон иди Қурбон ба рӯзи корӣ рост омад, аз ин рӯ дар ҷумҳуриамон 1 сентябр рӯзи истироҳатист».

То ҷое мусаллам аст, ҳамасола дар асоси тақвим дар Тоҷикистон 1 сентябр Рӯзи дониш ва оғози соли нави хониш аст. Имсол ин рӯз ба иди Қурбон рост омад. Аз ин рӯ, дар Тоҷикистон Рӯзи дониш ва оғози соли нави хониш кай шурӯъ мегардад?

Бо ин савол хабарнигори АМИТ «Ховар» ба масъулини Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намуд. Дар посух ҷавоб доданд, ки рӯзҳои наздик дар ҷаласаи вазорат санаи оғози соли нави хониш дар Тоҷикистон муайян карда хохад шуд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: