Иди саиди Фитр дар Тоҷикистон 26 июн таҷлил мегардад22-06-2017, 15:13
Хабарро хонданд: 234 нафар
Назарҳо: 0
ДУШАНБЕ, 22.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имсол Иди саиди Фитр дар Тоҷикистон рӯзи душанбе, 26 июн таҷлил мегардад. Дар ин бора имрӯз Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон дар ҷаласае, ки бо иштироки аъзои Шӯрои уламо ва имомхатибони масҷидҳои ҷомеи кишвар баргузор гардид, қарори дахлдор қабул кард. Ҳамин тариқ, рӯзи душанбе 26 июн соати 6:00 субҳ дар тамоми масҷидҳои ҷомеи Тоҷикистон намози ид барпо мегардад. Бояд тазаккур дод, ки соли равон моҳи шарифи Рамазон дар Тоҷикистон 27 май оғоз гардида, мувофиқи ҳисоби шаръӣ нисоби закот 22950 сомонӣ муқаррар шуда буд, ки аз он 575 сомонӣ закот дода мешавад. Садақаи Фитр мувофиқи меъёри шаръӣ ба ҳисоби гандум 5 сомонӣ ва ба ҳисоби мавиз 48 сомонӣ (барои шахсоне, ки тавоноии молии бештар доранд) муайян гардидааст. Фидяи савм дар моҳи шарифи Рамазон барои соҳибони узри шаръӣ (шайхи фонӣ) ва беморон ба миқдори 300 сомонӣ барои 30 рӯз муқаррар гардидааст. Иди Фитр яке аз ду иди бузурги мусалмонони ҷаҳон мебошад, ки он ҳамасола дар рӯзи аввали моҳи шаввол таҷлил мегардад. Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» рӯзи Иди Рамазон, 26 июн рӯзи истироҳат эълон карда шудааст. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.