Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Таъсиси боз як ташкилоти ибтидоӣ

Таъсиси боз як ташкилоти ибтидоӣ

22-10-2015, 09:32
Хабарро хонданд: 704 нафар
Назарҳо: 0
Таъсиси боз як ташкилоти ибтидоӣ
Ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ-асоси фаъолияти ҳизб буда, кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Чкалов ба масъалаи фаъолияти ташкилотҳои ибтидоӣ таваҷҷӯҳи хоса зоҳир менамояд. Бо ибтикори раиси кумиҷроияи шаҳрӣ дар кӯдакистони №13 – «Офтобак»-и шаҳр ташкилоти ибтидоии нав бо номи «Ваҳдат» таъсис дода шуд.

Кормандони муассиса ба унвони кумиҷроия бо аризаҳои худ муроҷиат карда, изҳор доштанд, ки аъзои ҲХДТ, ҷонибдори ҳадафҳои созандаву бунёдкорӣ будан барояшон мояи ифтихор хоҳад буд.

Аз тарафи кормандони кумиҷроия ба 7 нафар кормандони ташкилотӣ ибтидоии навтаъсис – «Ваҳдат» дар вазъи тантанавӣ шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуданд. Зимни сӯҳбат кормандони кумиҷроия ба ҳозирин оиди ҳадафҳои Барномавии ҲХДТ, нақши ҲХДТ дар таъмини зиндагии шоиставу арзандаи шаҳрвандон таъкид карданд.

Қаӣд карда шуд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳақиқату адолатро пешаи фаъолияти худ қарор дода, таҳти шиори «Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устуворӣ иқтисодӣ ва зиндагии шоисти мардум!» фаъолияти пурсамари худро ба роҳ мондааст.

Мавриди зикр аст, ки аз рӯзҳои аввали фаъолияти худ ташкилоти ибтидоии мазкур таҳти роҳбарии раиси ташкилоти ибтидоӣ Маҳмудова Б. фаъолият худро хеле хуб ба роҳ мондааст. Дар ташкилот утоқи ҳизбӣ ҷиҳозонида шуда ҳуҷҷатгузорӣ дар сатҳи баланд ташкил карда шудааст.
©Кумитаи иҷроияи ХХДТ дар в.Суғд
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: