Санҷиши фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҲХДТ19-10-2015, 11:40
Хабарро хонданд: 547 нафар
Назарҳо: 0
Дар асоси нақшаи кории Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд мудирони шӯъбаҳои ташкилӣ ва кор бо занони кумиҷроия аз фаъолияти кории ташкилоти ибтидоии ҲХДТ дар таваллудхонаи вилояти Суғд дидан намуданд. Айни замон дар таваллудхони вилоятӣ 83 нафар кормандон аъзоёни ҲХДТ мебошанд. Ташкилоти ибтидоӣ дорои утоқи кории алоҳида буда, дар он гӯшаҳои вобаста ба фаъолияти ҳизб овехта шудааст. Инчунин ҷевон барои ҷо ба ҷо гузоштани ҳуҷҷатҳои ҳизбӣ мавҷуд аст. Зимни санҷиш маълум гардид, ки мувофиқи феҳристи ҳуҷҷатҳо, ки аз ҷониби кумиҷроияи шаҳрии ҳизб пешниҳод карда шудааст, ҳамаи ҳуҷҷатҳо мавҷуд буданд. Бояд ёдовар шуд, ки ташкилоти ибтидоии таваллудхонаи вилоятӣ ба қатори ташкилотҳои ибтидоии беҳтарин дохил буда, мунтазам супоришҳои мақомоти болоии ҳизбро иҷро мекунад.
©КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.