Пешсафони маъракаи обуна21-10-2015, 09:13
Хабарро хонданд: 396 нафар
Назарҳо: 0
Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов маъракаи обунашавӣ ба рӯзномаҳои ҳизбии «Минбари халқ» ва «Сухани халқ» бо маром идома дошта, корхонаву ташкилот ва хоҷагиҳо рӯз то рӯз нақшаи обунашавиро иҷро намуда истодаанд. Санаи 20 октябри соли 2015 ҷаласаи навбатии Ситоди «Обуна – 2016» дар КИН ҲХДТ доир гардид.
Дар ҷаласа ҳисоботи раисони ТИ «Ҷамоати деҳоти Ҳаёти нав» Каримбердиев Б ва ТИ «Ҷамоати деҳоти Деҳмой» Алиева М шунида шуд. Аз ҳисоботҳо маълум гардид, ки ҳамаи ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ҷамоатҳои шаҳраку деҳот нақшаи обунаро иҷро намудаанд. Худи ҳамон рӯз АИО «Зафари Тоҷикистон» раисаш Тоиров И. ва АИО «Ғаллакор-14» раисаш Раимҷонов Р. низ нақшаи обунаро иҷро намуданд. ©Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар в.Суғд |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.