Дар додгоҳи вилоятии Тошканди Ӯзбекистон дирӯз ҷаласаи дувуми муҳокимаи парвандаи ҷиноятии соҳибкор Аҳмад Турсунбоев, мулаққаб ба Аҳмадбой ва шаш тани дигар, ки ҳаммаслакони Турсунбоев унвон мешаванд, баргузор шуд. Соҳибкор дар ташкили пирамидаи молӣ айбдор дониста мешавад. Додгоҳ дар муҳокимаи дирӯза шоҳидонро шунид.
Даҳҳо одам, ки аз қаллобии молии соҳибкор Турсунбоев ("Аҳмадбой") зарар дидаанд, натавонистанд ба дохили толори додгоҳ роҳ ёбанд.
Ба иттилои яке аз кормандони додгоҳи вилоятии Тошканд, муҳосиб ва хазинадори Турсунбоев низ ба додгоҳ ҳозир карда шуданд.
Муассиси ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуди "Чиноз ҳалол чорво" ва "Чиноз авто ҳамкор" Аҳмад Турсунбоев дар ташкили пирамидаи молӣ айбдор мешавад. Мақомоти қудратии Ӯзбекистон мегӯянд, "Аҳмадбой" ва ҳаммаслаконаш бо ваъдаи додани фоидаи калон аз аҳолӣ пулу мол мегирифтанд. Турсунбоев моҳи июни соли гузашта боздошт шуд. Мақомот 12 миллион доллари мусодирашударо ҳамчун далели шайъӣ зикр мекунанд, ки гӯё ба Аҳмадбой тааллуқ доштааст. Хабар дода мешавад, ки даҳҳо ҳазор одам ба пирамидаи молии вай сармоягузорӣ кардаанд.