Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Додгоҳи Швейтсария шикояти Гулнора Каримоваро рад кард

Додгоҳи Швейтсария шикояти Гулнора Каримоваро рад кард

16-08-2018, 14:23
Хабарро хонданд: 134 нафар
Назарҳо: 0
Додгоҳи Швейтсария шикояти Гулнора Каримоваро рад кард
Додгоҳи федеролии Швейтсария 31 июл шикояти духтари президенти нахустини Ӯзбекистон Гулнора Каримоваро рад кард. Ин қарори додгоҳ раванди бозгардони 800 миллион франки швейтсарии Каримоваро ба Тошканд хоҳад тезонд.

Вакили дифои Каримова Грегуара Манжа дар шаҳри Женева зидди қарори Додситонии федеролии Швейтсария барои мусодираи ҳудуди 701 миллион доллари шахси зери ҳимояаш дар бонкҳои ин кишвар ба додгоҳ шикоят бурда буд.

Додситонии Швейтсария 22 майи соли равон қарор кард, аз 800 миллион франки Каримова, ки дар бонкҳои Женева ва Тсюрих аз соли 2012 ба ин сӯ ба ҳабс гирифта шудаанд, 687,7 миллионашон мусодира ва ба Тошканд баргардонида шавад.

Ба ин қарори додситонӣ баёноти ду шахси боэътимоди Гулнора Каримова - Гаяне Авакян ва Рустам Мадумаров сабаб шуд. Онҳо ҳангоми бозпурсӣ гуфтанд, ки пулҳои ҳабсшудаи Каримова бо роҳи ғайриқонунӣ дар Ӯзбекистон ба даст омадаанд ва бояд баргардонида шаванд.

Вале Манжа дар робита ба қарори мазкур эътироз баён карда, гуфт, он ҳуқуқи шахси зери ҳимояашро ба мурофиаҳои одилонаи додгоҳӣ нақз мекунад. Ба гуфтаи вакили дифои Каримова, баёноти Авакян ва Мадумаров дар зиндонҳои Ӯзбекистон барои баргардондани пулҳои ҳабсшудаи шахси зери ҳимояаш ба Тошканд кофӣ нест.

Дар бораи тақдири худи Гулнора Каримова додситонии кулли Ӯзбекистон бори охир 28 июли соли 2017 иттилоъ дод. Бар пояи он, додгоҳи Тошканд моҳи августи соли 2015 Каримоваро бо ҷурми саркашӣ аз пардохти андоз, сохтакории ҳуҷҷат, тамаъҷуӣ ва дуздӣ ба 5 соли зиндон маҳкум кардааст.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: