Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Дар Тошканд бунёдгузори "пирамидаи молӣ"-ро суд мекунанд

Дар Тошканд бунёдгузори "пирамидаи молӣ"-ро суд мекунанд

3-08-2017, 10:36
Хабарро хонданд: 104 нафар
Назарҳо: 0

Дар Тошканд бунёдгузори "пирамидаи молӣ"-ро суд мекунанд

Додгоҳи вилоятии Тошканди Ӯзбекистон баррасии парвандаи "пирамидаи молӣ"-и соҳибкор аз ноҳияи Чиноз Аҳмад Турсунбоев, мулаққаб ба "Аҳмадбой"-ро оғоз кард.
Турсунбоеви 38-сола, бунёдгузори ширкатҳои тиҷории "Чиноз Ҳалол Чорво" ва "Чиноз Авто Ҳамкор" аз мардум бо ваъдаи пардохти фоидаи солонаи 100-дарсадӣ пул мегирифтааст.

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳамчун далели шайъӣ аз манзили ӯ беш аз 2 миллион доллареро мусодира карданд, ки гӯиё ба соҳибкор тааллуқ дошт. Бино ба хабарҳо, даҳҳо ҳазор одам ба ӯ пул додаанд.

Пештар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ӯзбекистон хабар доданд, ки Аҳмад Турсунбоев аз муштариёнаш бар ивази пардохти фойизи моҳона мошин, чорвои хонагӣ ва ашёи қимматбаҳоро низ қабул мекардааст.

Дар ҳоли ҳозир, Турсунбоев дар боздоштгоҳи муваққатии Кумитаи амнияти Ӯзбекистон нигаҳдорӣ мешавад.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: