Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » ИМА омодагиҳои ҳарбии Белорусу Русияро бодиққат назорат мекунад

ИМА омодагиҳои ҳарбии Белорусу Русияро бодиққат назорат мекунад

4-08-2017, 10:43
Хабарро хонданд: 112 нафар
Назарҳо: 0
 ИМА омодагиҳои ҳарбии Белорусу Русияро бодиққат назорат мекунад
Фармондеҳи нерӯҳои ИМА дар тамринҳои Аврупо Ҷон Ҳелӣ мегӯяд, Вашингтон омодагиҳо ба тамрини муштараки низомии "Ғарб-2017"-и Русия ва Белорусро бодиққат назорат хоҳад кард.
Ҳелӣ 3 август гуфт, Москва ба андозаи кофӣ "шаффоф" нест, зеро нозирони байналмилалиро ба ин тамрин даъват накардааст. Дар ҳоле ки ба гуфтаи ӯ, намояндагони Русия дар машқҳои ахири ИМА ва НАТО дар минтақаи баҳри Сиёҳ ҳузур доштанд.

Генерали амрикоӣ афзуд, ки ИМА ният дорад, дар посух ба таҳдидҳои рӯзафзуни амалҳои таҷовузкоронаи Русия соли 2018 ҳамроҳ бо ҳампаймонони худ ва НАТО 11 размоиши бузурги низомии ҳавоию баҳрӣ ва заминӣ баргузор кунад.

Пештар хабар доданд, ки дар тамрини низомии "Ғарб-2017"-и Русия ва Белорус то 13 ҳазор низомӣ ва 680 техникаи ҳарбӣ иштирок хоҳанд кард. Тамрин аз 14 то 20 сентябр идома мекунад.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: