БУЗУРГОНРО БУЗУРГОН ЗИНДА МЕДОРАНД…4-08-2017, 09:55
Хабарро хонданд: 542 нафар
Назарҳо: 0
Аҷдодони хирадманди тоҷик Имоми Аъзам, Имом Бухорӣ, Ҳусайн Воизи Кошифӣ, Муҳаммад Ғаззолӣ, Мавлонои Балхӣ, Мавлоно Ҷомӣ ва садҳо тан аз шумори аҳли адаби порсӣ ба монанди Рӯдакиву Фирдавсӣ, Абӯалӣ Синову Форобӣ, Хайёму Берунӣ, Насириддини Тӯсиву Закариёи Розӣ барои рушду нумӯи фарҳанги одамият, аз ҷумла дини Ислом, хидмати беназире кардаанд. Дар ин бора дар китоби арзишманди «Тоҷикон дар оинаи таърих»-и Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин омадааст: «Бузургии миллати тоҷик дар он аст, ки таҳти васояти кадом империя ва халқияти зӯровар қарор надошта бошад, волоияти забону фарҳанги худро аз даст надода, дами теғи ҳама гуна таассуби динию мазҳабиро бо фарҳанги оламгири хеш кунд намудааст. Агар пеши роҳи ғояҳои ҷангпарварона ва ғазовоти исломро маҳз мазҳаби илҳомбахши Имоми Аъзам, тафсиру тадбирҳои худоҷӯёна ва ҳикмату фалсафаи тасаввуф намегирифт ва дини арабро дар либоси фарҳанги Аҷам ҷилва намедод, мавҷи селосои ғозиёни ислом то паҳнои Рус ва моварои Чин мерасид». Мутаассифона, аз сабаби он, ки бузургони хирадманди мо дар замоне умр ба сар мебурданд, ки ҳокимони давр бегонагон буданду миллат давлати соҳибистиқлол надошт, маҷбуран ба осиёби илму маърифати ҷаҳонӣ ва инкишофи таърихи умум об рехта, имконияти ҳифзи манфиатҳои ворисони худ-миллати тоҷикро аз мадди назар дур монда буданд. Хушбахтона, баъди ҳазорсолаҳо имрӯз миллат соҳибдавлату соҳибистиқлол аст. Мо бояд аз дарси талхи таърихи гузаштаамон сабақ омӯхта, барои пойдории ин неъмати бузурги Худованд, яъне Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ваҳдати миллии он тамоми ғайрату нерӯ ва донишу хиради худро истифода барем ва дар ин ҷода бонангу номӯс буданамонро зоҳир намоем. Дар ин раванд хизмати беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҷиҳати бузургдошти нобиғаҳои миллат, ба қавли «Бузургонро бузургон зинда медоранд», бояд махсус қайд кунем, ки намунаи дарси худшиносии миллист. Акнун биёед ба ҳаёту фаъолияти ин марди бузург ба тарзи мухтасар шинос гардем. Ҳамин тавр, Муҳаммад Абӯабдуллоҳ ибни Исмоили Бухорӣ рӯзи ҷумъаи сездаҳуми моҳи шавволи соли 194 ҳиҷрии қамарӣ, мутобиқ ба 21 июли соли 810 милодӣ дар шаҳри Бухорои шариф ба дунё омадааст. Падари Имом Бухорӣ яке аз шахсиятҳои донишманди замони худ буда, ҳатто аз забони чунин як саҳобаи маъруф Анас ибни Молик ҳадисҳои Паёмбари Ислом (с)-ро шунида азбар карда будааст. Дар овони кўдакӣ Имом Бухорӣ аз падар маҳрум мегардад. Болои ин чашмонаш ба беморие гирифтор шуда нобино мегардад. Вале, тибқи ривояти маълум, дуои модари Имом Бухорӣ, ки зани шоиста ва ботақвое будааст, аз ҷониби Худованд мустаҷоб мегардад ва чашмони кудак шифо меёбанд. Ҳанӯз даҳсола нашуда, Имом Бухорӣ ба дониш фаро гирифта шуда, аз мактаби илмии донишмандони бухороии замони худ Шайх Дохилӣ, Муҳаммад ибни Абӯҳотам ва Муҳаммад ибни Саломи Байкандӣ мегузарад. То понздаҳсолагиаш Имом Бухорӣ бо шарофати нерӯи бузурги ҳофизаи худ то ҳафтод ҳазор ҳадиси Паёмбари акрамро(с) аз ёд медонистааст. Соли 209 ҳиҷрӣ қамарӣ, яъне дар понздаҳсолагӣ Имом Бухорӣ бо ҳамроҳии модару бародари калонаш Аҳмад барои адои ҳаҷ ба Макка меравад ва се сол муқим шуда, аз барҷастатарин шайхон-донандагони ҳадис, чун Аҳмад ибни Муҳаммади Арзақӣ ва Исмоил ибни Солими Соиғ(заргар) илми ҳадис омӯхта, ба мазҳаби аҳли раъй ва каломи онҳо шинос мегардад. Аз Маккаи мукаррама Имом Бухорӣ ба Мадинаи мунаввара соли 212 ҳиҷрии қамарӣ раҳсипор гашта, дар ин ҷо ба таснифи (омода сохтани) китоби «Таърихи кабир»-и худ оғоз менамояд, ки дар олами Ислом ҳамчун китоби нодир ва беҳамто эътироф гардидааст. Имом Бухорӣ зимни омодасозии «Таърихи кабир» ба таърихшиносони пешқадами замони худ тақлид накарда, балки аз назари диққат, фарогирӣ ва ҳусни услуб аз онҳо сабқату бартарӣ зоҳир намудааст. Дар китоби «Таърихи кабир» Имом Бухорӣ аз ҳудуди чил ҳазор шахсият, ки аз ҷумлаи саҳоба, тобеӣ ва касоне, ки баъди онҳо дар зарфи ду асри аввали Ислом по ба арсаи вуҷуд гузоштаанд, маълумот ҷамъоварӣ намуда, хусусан дар бораи нақшу саҳми онҳо дар ҳифзи ҳадисҳои Паёмбари акрам(с) хабар медиҳад. Аз ҳамин лиҳоз ин китобро муқаддимаи китоби «Ҷомеи саҳеҳ»-и Имом Бухорӣ низ ном мебаранд. Имом Бухорӣ дар китоби «Таърихи кабир» меҳру муҳаббати беандоза, ихлосу эътиқодмандии худро ба унвонии Паёмбари Худо(с) баён сохтааст. Ҳамин аст, ки китоби «Таърихи кабир»-ро бо номҳои касоне оғоз намудааст, ки «Муҳаммад» ном доштаанд. Аз Мадина соли 2014 ҳиҷрии қамарӣ Имом Бухорӣ ба шаҳри Басра меравад ва дар он ҷо бо олимону хирадмандони ин шаҳр Муҳаммад ибни Яссор(Сайёр), Муҳаммад ибни Башшори Абдӣ ва Имом Алӣ ибни Мадинӣ ҳамсуҳбат мегардад. Муҳаммад ибни Башшори Абдӣ гуфта будааст:«Ҳофизони дунё чаҳор касанд: Абӯзаръа дар Рай, Муслим ибни Ҳаҷҷоҷ дар Нишопур, Абдуллоҳ ибни Абдурраҳмони Доримӣ дар Самарқанд ва Муҳаммад ибни Исмоили Бухорӣ дар Бухоро, вале Муҳаммад ибни Исмоили Бухорӣ фақеҳтарини халқи Худо дар рӯзгори мост». Имом Бухорӣ дар бораи Имом Алӣ ибни Мадинӣ гуфта будааст, ки «Ман ба назди ҳеҷ касе ҷуз Алӣ ибни Мадинӣ худро ниёзманди илму дониши вай нашумурдам ва аз ҳеҷ инсоне ҳадиси дилнишинтар ва писандидатарро ҷуз аз Алӣ ибни Мадинӣ нашунидам». Бо вуҷуди ҷавониаш Имом Бухорӣ ҳам толиби илм, ҳам муҳаддис ва ҳам соҳиби маҷлиси имло будаст. Дар маҷлиси имлои Имом Бухорӣ беш аз бист ҳазор марду зан, пиру ҷавон ҳозир мешуданд, то аз рӯди адабу фарҳанги ӯ ташнагии худро бишкананд ва баҳра бигиранд. Аз Басра Имом Бухорӣ ба шаҳри Бағдод, ки он замон пойтахти донишу нуру адаб ба ҳисоб мерафт, меравад. Мардуми Бағдод ӯро дар масофаи ду мил бо шукуҳу шаҳомати шоҳонае, ки ҳатто қайсарони (фиръавнҳои) Рум ҳам надида буданд, такбиргӯён истиқбол гирифтанд ва пеши қадами аспони қофилаи вай ва ҳамсафаронаш динорҳо, дирҳамҳо ва шакар нисор намуданд. Дар Бағдод Имом Бухорӣ бо Абӯабдуллоҳ Аҳмад ибни Муҳаммад ибни Ҳанбал ибни Ҳилол ибни Асад ибни Идрис маъруф ба ибни Ҳанбал, ки яке аз пешвоёни бузурги илм, ки дар илму амал, зуҳд, ибодат, ахлоқ, ақл, ҳуҷҷат, ҷиҳод бо нафс, шуҷоат, шикебоӣ дар таҳаммули меҳнат (ӯ аз касби бофандагӣ зиндагӣ мекардаст), истиқомат ва пайравии суннат имом буд, тақрибан соли 2015 ҳиҷрӣ қамарӣ вомехӯрад. Аҷдоди падарии Имом Аҳмад ибни Ҳанбал аслан аз Сарахси Хуросон ва модарашон Сафия аз арабҳои Банӣ Шайбон будаанд. Имом Аҳмад ибни Ҳанбал соли 164 ҳиҷрӣ қамарӣ дар Бағдод ба дунё омада, соли 241 ҳиҷрӣ қамарӣ ин оламро падруд гуфтааст ва дар мавзеи Боби Ҳарби Бағдод дафн гардидааст. Дар замони худ Имом Аҳмад ибни Ҳанбал дар бораи Имом Бухорӣ гуфта будааст, ки: « Хуросон ҳаргиз монанди Муҳаммад ибни Исмоили Бухориро берун наовардааст». Вале баъзе ҳофизони ҳадиси ин шаҳр аз рӯи бухлу ҳасад барои паст намудани обрӯ ва эътибори Имом Бухорӣ як маҷлиси озмоишӣ ташкил намуда, бо ном ҳадисҳои бофтаи худро қироат намуда, умед доштанд, ки ӯро ба костагии фазлу донишаш муттаҳам гардонанд. Хушбахтона Имом Бухорӣ аз ин имтиҳони вазнини ҳасудон, тавассути ҳофизаи бузургаш ва дониши мукаммалаш дар илми ҳадисшиносӣ, ба хубӣ баромад ва ҳазорон ҳазор инсонҳоеро, ки дар ин маҷлис иштирок доштанд, ба ҳайрат овард. Дар бораи «Ҷомеи саҳеҳ»-и худ Имом Бухорӣ чунин гуфтааст: «Ман китоби «Саҳеҳ»-ро дар муддати шонздаҳ сол тасниф кардам ва онро ҳуҷҷате дар миёни худ ва Худованд қарор додам». Имом Бухорӣ ин шонздаҳ солро бо мусофират бар маркабаш дар роҳҳое гузаронидааст, ки сахт ноҳамвор, ваҳшатофарин ва душворгузар будааст. Дар муҳиту фазое ба сар бурдааст, ки гоҳ тунду тӯфонӣ, гоҳ гарму сӯзон ва замоне сармои тоқатфарсо доштааст. Гоҳе дар чандин шабу рӯзи мусофират ҳадисеро ба даст меовард, ки ровии он салоҳият ва аҳлияти ривоятро надоштааст. Ҳамин тавр Имом Бухорӣ бо ҳадисдонони зиёде, ки даъвои донистани ҳазорон ҳадисро мекарданд, ҳамсуҳбат гардида, вале ҳадисҳои онҳоро ба«Ҷомеи саҳеҳ»- худаш ворид накардааст. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда Имом Бухорӣ аз рӯ ба рӯ шудан ҳатто ба инсонҳое, ки аз онҳо гирифтани ҳадис барояш номақбул буд, нороҳат намешуд. Чаро, ки Худованд ба ӯ азму иродае бахшида буд, ки сахтиҳои сафарро аз вай дур месохтанд. Вале агар бо мардони фозилу донишманди боэътимоду итминоне, ки нишони сидқу дурустиву аломатҳои парҳезкорӣ ва порсоӣ доштаанд вомехӯрд, Имом Бухорӣ як ҷаҳон эҳсоси хушбахтӣ мекарду чун касе, ки дар такопӯи зиндагӣ беҳтарин гумкардаашро ёфтааст, масруру шодмон мегардид. Имом Бухорӣ мегӯяд: «Ман китоби «Саҳеҳ»-ро аз миёни шашсад ҳазор ҳадис берун овардам. Ин диққат ва борикбиниро ба ин хотир анҷом додам, ки бо садҳо ҳофиз ва садҳо муҳаддис бо шарҳҳои мухталиф рӯ ба рӯ мегардидам. Ман беш аз ҳазор шайхро аз мардуми Ҳиҷоз, Ироқ, Шом ва Миср, Басра, Бағдод, Кӯфа ва Хуросон мулоқот кардам ва аз назди баъзе аз онҳо беш аз даҳ ҳазор ҳадис навиштам ва асноди ҳамаи онҳоро дар ёд дорам. Ҳеҷ як аз касоне, ки бо онҳо дидор ва бархӯрд доштам, дар ин бовар ихтилоф накардаанд, ки: «Дин қавлу амал аст ва Қуръон каломи Худованд аст». Дар «Ҷомеи саҳеҳ»-худ Имом Бухорӣ ба ҷуз ҳадиси саҳеҳро ворид накарда будааст ва ҳатто ҳазорон ҳадиси саҳеҳкардаашро метавонистааст, ки ворид созад, вале ба хотири риояи ҳаҷми зарурии китоб онҳоро фурӯ гузоштааст. Ӯ ҳадисҳои набавиро ба қадри ниёзмандии фарди мусулмон дар бахшҳои ибодот, муомилот, одоб, тафсир ва ғайра ҷамъ оварда, онро монанди Муваттои Имом Молик танҳо маҳдуд ба фиқҳ нагардонидааст. Балки Имом Бухорӣ тибқи ҳадисҳои саҳеҳкардаи худ қарор додааст, ки як шахсияти мусулмонро бисозад ва барои вай илм, маърифат, ҳуш ва басиратро ҳамчун рушанӣ ва некандешӣ арзонӣ бидорад. Ба хотири амри қонунӣ пайдо кардани китоби «Ҷомеи саҳеҳ» Имом Бухорӣ онро ба имтиҳони пешвоёни бузурги асри худ Алӣ ибни Мадинӣ, Аҳмад ибни Ҳанбал, Яҳё ибни Муин ва Исҳоқ ибни Роҳвайҳ арза медорад. Баъди таҳқиқи ин донишмандон аз миёни 7275 ҳадис онҳо фақат дар чор ҳадис назари эҳтиётӣ баён намуда будаанд. Вале баъдтар равшан мегардад, ки ин чор ҳадис ҳам аз ҳадисҳои саҳеҳ мебошанд. Инчунин Муҳаммад Исмоили Бухорӣ ё Имом Бухорӣ дар озмуни халифаи араб Умар ибни Абдулазиз ширкат варзида, донандаи ( муҳаддиси) беҳтарини ҳадисҳои Паёмбари Худо ҳазрати Муҳаммад(с) эътироф гардидааст. Имом Бухорӣ аз шумораи зиёда аз 600 ҳазор ҳадисе, ки то замони зиндагии вай аз ҷониби муҳаддисони зиёде ҷамъоварӣ шуда буданду аксарияташон носаҳеҳ буданд, 7275 ҳадиси саҳеҳро ҷудо намуда, ба шакли китоби алоҳида, ки«Ҷомеи саҳеҳ» ном дорад, ба табъ расонидааст. Олимони исломӣ «Ҷомеи саҳеҳ»-и Имом Бухориро беҳтарин ва бузургтарин китоби Ислом баъди Қуръони карим эътироф кардаанд. Табаррук будани ин китоб ба ҷое расидааст, ки дар борааш гуфтаанд: «Дар хонае, ки китоби «Ҷомеи саҳеҳ» вуҷуд дошта бошад, он хона аз хатари оташсӯзиву дӯздӣ дар амон мемонад». Ҳамин тавр китоби «Ҷомеи саҳеҳ»-и Имом Бухорӣ, раҳимаҳуллоҳ, вориди зиндагии мусулмонон ва балки вориди дили онҳо гардид. Яке аз муосирони Имом Бухорӣ гуфта будааст: « Хуросон се кас берун дод: Абӯзаръа, Муҳаммад ибни Исмоил ва Абдуллоҳ ибни Абдурраҳмони Доримӣ. Аммо Ибни Исмоили Бухорӣ дидавартар, донотар ва фақеҳтари онон буд». Уламои Маккаи мукаррама ҳамвора мегуфтанд: «Муҳаммад ибни Исмоили Бухорӣ имоми мо ва фақеҳи мо ва фақеҳи Хуросон будааст» Имом Бухорӣ вақте, ки таълифи китоби «Ҷомеи саҳеҳ»-ро ба поён мерасонад, онро барои 90 ҳазор мусулмони асри худ хонда будааст. Ҳамду санои пешвоёни ҳадис ва бузургони илм дар ситоиши Имом Бухорӣ ва китоби «Ҷомеи саҳеҳ» хеле зиёданд. Аз ҷумла: 1. Имоми имомон Муҳаммад ибни Исҳоқи Ҳузайма соҳиби «Саҳеҳ»гуфтааст: «Дар зери сақфи ин осмон ҳофизтар ва донотар ба ҳадиси набавӣ аз Муҳаммад ибни Исмоили Бухорӣ надидаам». 2. Имоми имомон ҳофиз Абӯраҷоъ ибни Саиди Бағлонӣ гуфтааст: «Имом Бухорӣ дар рӯзгори худ ба сони ҳазрати Умар дар миёни саҳобаҳо будааст. Агар воқеан ӯ дар миёни саҳоба мебуд боз ҳам нишонае аз нишонаҳои илоҳӣ мебуд ». 3. Раҷоъ ибни Мурҷӣ гуфтааст: «Имом Бухорӣ ояте аз оёти илоҳӣ аст, ки бар рӯи замин роҳ меравад». 4. Яъқуб ибни Иброҳими Даруқӣ соҳиби муснад ва Намир ибни Ҳаммоди Хузоъӣ аз ҳофизони ҳадис ва асар гуфтаанд: «Муҳаммад ибни Исмоили Бухорӣ фақеҳи уммати мусулмон аст». 5. Ҳофиз, аллома Шамсуддини Заҳабӣ гуфтааст: « Ҷомеи саҳеҳ»-и Имом Бухорӣ баъди китоби Худованд беҳтарин ва бузургтарин китоби Ислом аст». 6. Фазл ибни Исмоили Ҷурҷонӣ гуфтааст: «Саҳеҳ» китобест, мизон ва меъёри санҷиши дини Паёмбари гиромӣ ба он побарҷост ва арабу аҷам аз пайи якдигар дар баробари азаматаш сар фурӯд овардаанд». Имом Бухорӣ китоби «Ҷомеи саҳеҳ»-ро бо ояи каримаи 163, сураи мубораки Нисо оғоз кардааст, ки: «Ба дурустӣ ки Мо ба сӯи ту ваҳй фиристодем, чунонки ба сӯи Нуҳ ва пайғамбарони пас аз вай ваҳй фиристодем». Мисли Паёмбари Худованд(с) Имом Бухорӣ ҳар шаб сездаҳ ракъат намози таҳаҷҷуд мехондааст ва дар се шабонарӯз як бор Қуръонро хатм менамудаст. Имом Бухорӣ дар радифи олим, фақеҳ, ҳофиз ва муҳаддис будан, инчунин дар аспсаворӣ, тирандозӣ, омӯзиши ҳамли силоҳ ва тамрини он низ, чун дар саҳнаҳои мусобиқоти илмӣ, нобиға будааст. Номи комили «Ҷомеи саҳеҳ»-и Имом Бухорӣ «ал-Ҷомеъу-с-саҳеҳ ал-муснад ал-мухтасар мине ҳадиси расулиллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва салам ва сунанниҳи ва айёмиҳи» мебошад. Ин китоб дар бисёре аз кишварҳои исломӣ чун Миср, Туркия, Ҳинд, Покистон, Алҷазоир, Арабистон, Лубнон ва ғайра борҳо ба нашр расида, дар Лондон, Париж ва Берлин ба забонҳои инглисӣ, фаронсавӣ, олмонӣ, инчунин бо забонҳои форсӣ, урду ва банголӣ тарҷума ва шарҳ гардидааст. «Ҷомеи саҳеҳ» аз 97 китоб ва 3450 боб иборат буда, байни 59 то 82 шарҳи тамом ва нотамом бар ин китоби бузурги Ислом навишта шудааст. Инчунин 29 тан аз шахсиятҳои илмӣ бар ин китоб поварақ ва 16 тан муқаддима нигоштаанд, 15 тан аз уламои саршинос ин китобро мухтасар гардонидаанд. Имом Бухорӣ муъҷизаи асри худ буда, сипас муъҷизаи тамоми асрҳо барои башарият гардидааст. Муҳаммад Абӯабдуллоҳ ибни Исмоили Бухорӣ дар шаби шанбе, шаби Иди Фитри соли 256 ҳиҷрӣ қамарӣ, мутобиқ ба 8 июли соли 872 мелодӣ ин оламро падруд гуфта, субҳи рӯзи Иди Фитр дар деҳкадаи Хиртанг, ки дар наздикии Самарқанд воқеъ мебошад, дафн гардидааст. Дар рӯзи вафоташ Имом Бухорӣ 13 рӯз кам 62 сол син доштааст. Таҳияи Аҳмадҷон Ализода Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.